Фарзанди одам манро такзиб кард, дар ҳоле ки набояд чунин мекард. Ва манро дашном дод, дар ҳоле ки набояд чунин мекард

Фарзанди одам манро такзиб кард, дар ҳоле ки набояд чунин мекард. Ва манро дашном дод, дар ҳоле ки набояд чунин мекард

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу): Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуд: "Аллоҳ мефармояд: Фарзанди одам манро такзиб кард, дар ҳоле ки набояд чунин мекард. Ва манро дашном дод, дар ҳоле ки набояд чунин мекард. Аммо такзибаш ин аст, ки мегӯяд: Ӯ манро чунон ки бори нахуст офарид, дубора боз нахоҳад гардонд, дар ҳоле ки офариниши нахуст барои ман осонтар аз боз гардонидани ӯ нест. Ва дашномаш ин аст, ки мегӯяд: Аллоҳ барои худ фарзанд гирифтааст, ҳоло он ки ман он ягонаи бениёз ҳастам, ки на мезоям ва на зода шудаам ва ҳеҷ кас монанд ва ҳамтои ман нест."

[Саҳеҳ] [رواه البخاري]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ин ҳадиси қудсӣ баён мекунад, ки Аллоҳ Таъоло дар бораи мушрикон ва кофирон сухан гуфтааст, ки онон Ӯро такзиб мекунанд ва нақсу камбудиро ба Ӯ нисбат медиҳанд, дар ҳоле ки набояд чунин мекарданд. Аммо такзибашон ба Аллоҳ: Иддио мекунанд, ки Аллоҳ Таъоло бори дигар ононро, чӣ гунае, ки нахустин бор аз адам офарид, баъд аз маргашон барнамегардонад. Аллоҳ дар посух ба онон баён мекунад, ки барои он касе, ки офаринишро аз адам оғоз кард, боз гардонидани онон мумкин, балки осонтар аст. Ҳарчанд халқ кардан ва боз гардонидан назди Аллоҳ як аст, зеро Аллоҳ Таъоло бар ҳама кор тавоно аст. Ва аммо дашноми онҳо ин аст, ки мегӯянд: Аллоҳ фарзанд дорад. Аллоҳ ҷавоб дод, ки Ӯ бо тамоми камолот дар номҳо, сифатҳо ва афъолаш якка ва ягона аст. Аз ҳама гуна нақсу камбудиҳо поку муназзаҳ аст. Бениёзу беҳамтоест, ки ба касе ниёз надорад ва ҳама ба Ӯ ниёзманд ҳастанд. Падар ва фарзанди касе набуд ва ҳеҷ кас ба Ӯ монанд ва ҳамто нест.

فوائد الحديث

Исботи қудрати комил барои Аллоҳ Таъоло.

Исботи зинда шудан баъд аз марг.

Ҳар ки зинда шудани мурдагонро инкор кунад ё ба Аллоҳ фарзанд нисбат диҳад, кофир аст.

Аллоҳ Таъоло монанд ва ҳамто надорад.

Вусъати бурдбории Аллоҳ Таъоло ва фурсат додани Ӯ ба кофирон, ки тавба кунанд ва бозгарданд.

التصنيفات

Тавҳиди исмҳо ва сифатҳо