Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳар намоз таҳорат мекард

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳар намоз таҳорат мекард

Аз Амр ибни Омир аз Анас ибни Молик ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳар намоз таҳорат мекард, Гуфтам: Шумо чӣ гуна мекардед? Гуфт: Ҳамон таҳорат барои ҳар яке аз мо то вақте ки бетаҳорат нашуда будем, кифоят буд.

[Саҳеҳ] [رواه البخاري]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои ҳар намози фарз таҳорат мегирифт, ҳатто агар таҳораташ намешикаст. Ва ин барои ба даст овардани аҷру савоб буд. Бо як таҳорат зиёда аз як намози фарзро хондан ҷоиз аст, ба шарте ки таҳораташ нашикаста бошад.

فوائد الحديث

Бештари кори Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таҳорат кардан барои ҳар намоз буд ва ин барои ба даст овардани (фазилати) комилтар буд.

Барои ҳар як намоз таҳорат кардан мустаҳаб аст.

Бо як таҳорат чанд намозро гузоштан ҷоиз аст.

التصنيفات

Фазилати таҳорат