إعدادات العرض
Барои ман хабар деҳ, оё ҳар гоҳ намозҳои фарзшударо бихонам, моҳи Рамазонро рӯза бидорам, ҳалолро ҳалол бидонам ва ҳаромро ҳаром бидонам
Барои ман хабар деҳ, оё ҳар гоҳ намозҳои фарзшударо бихонам, моҳи Рамазонро рӯза бидорам, ҳалолро ҳалол бидонам ва ҳаромро ҳаром бидонам
Аз Абуабдуллоҳ Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: "Марде аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) суол карда пурсид: "Барои ман хабар деҳ, оё ҳар гоҳ намозҳои фарзшударо бихонам, моҳи Рамазонро рӯза бидорам, ҳалолро ҳалол бидонам ва ҳаромро ҳаром бидонам ва ба онҳо чизе наафзоям, ба биҳишт дохил мешавам?" Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: «"Оре".
الترجمة
العربية Español አማርኛ English اردو Indonesia বাংলা Français Türkçe Русский Bosanski සිංහල हिन्दी 中文 فارسی Tiếng Việt Tagalog Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் မြန်မာ ไทย Deutsch پښتو অসমীয়া Shqip Nederlands ગુજરાતી Кыргызча नेपाली Lietuvių دری Српски Kinyarwanda Română Magyar Čeština Moore Malagasy Oromoo ಕನ್ನಡ Wolof Azərbaycan O‘zbek Українська ქართული Македонски ភាសាខ្មែរ Bambara ਪੰਜਾਬੀ मराठी Kirundi Kurmancî Bahasa Melayuالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар ин ҳадиси муборак баён медорад, ки ҳар касе намозҳои панҷгонаро адо кунад, агарчи намозҳои нафлӣ нахонад, ва моҳи рамазонро рӯза дорад ва рӯзаи нафлӣ нагирад, ҳалолро ҳалол донад ва онро анҷом диҳад ва ҳаромро ҳаром донад ва аз он дурӣ ҷуяд, дохили ҷаннат хоҳад шуд.فوائد الحديث
Мусалмон бояд дар анҷоми фароиз ва тарки амалҳои ҳаром шавқманд бошад ва ҳадаф аз он дохил шудан ба биҳишт бошад.
Аҳамияти анҷом додани амали ҳалол ва муътақид будан бар онки он як амали ҳалол аст, ва ҳаром донистани амали ҳаром ва муътақид будан бар онки як амали ҳаром аст.
Адои воҷибот ва тарки муҳаррамот сабаби дохил шудан ба биҳишт аст.
