Ҳар касе "Ло илоҳа иллаллоҳ" гӯяд ва ончи ғайр аз Аллоҳ парастиш мешавад инкор кунад, мол ва хунаш ҳаром мешавад ва (боқӣ) ҳисобаш назди Аллоҳ аст

Ҳар касе "Ло илоҳа иллаллоҳ" гӯяд ва ончи ғайр аз Аллоҳ парастиш мешавад инкор кунад, мол ва хунаш ҳаром мешавад ва (боқӣ) ҳисобаш назди Аллоҳ аст

Аз Ториқ ибни Ашими Ашҷаъӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт: "Ҳар касе "Ло илоҳа иллаллоҳ" гӯяд ва ончи ғайр аз Аллоҳ парастиш мешавад инкор кунад, мол ва хунаш ҳаром мешавад ва (боқӣ) ҳисобаш назди Аллоҳ аст".

[صحيح] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки ҳар кас бо забонаш "Ло илоҳа иллаллоҳ" бигӯяд ва гувоҳӣ диҳад, ки "Нест маъбуди барҳақ магар Аллоҳ" ва ончи ғайр аз Аллоҳ парастида мешавад, инкор кунад ва аз ҳама динҳо ҷуз Ислом безорӣ ҷӯяд, мол ва ҷонаш бар мусалмонон ҳаром аст ва ҷуз амали зоҳирӣ дигар амалҳои ӯ марбути мо бандагон нест, ҷон ва моли ӯ дар амон аст, магар инки муртакиби ҷиноят шавад, ки ба муқтазои аҳкоми Ислом муҷозоти ӯ лозим меояд. Ҳисоби ӯ дар қиёмат назди Аллоҳ аст, агар дар имонаш содиқ буд сазовори подош ва агар мунофиқ буд сазовори азоб аст.

فوائد الحديث

Гуфтани "Ло илоҳа иллаллоҳ" ва инкори ҳар ончи ғайри Аллоҳ парастида мешавад, шарти ворид шудан ба Ислом аст.

Мақсуд аз (Ло илоҳа иллаллоҳ) инкори ҳар чи ғайри Аллоҳ парастиш карда мешавад аст, ба монанди бутҳо, қабрҳо ва ғайра ва танҳо Худоро ибодат кардан аст.

Касе танҳо Худоро ибодат кунад ва дар зоҳир пойбанд ба аҳкоми шариат бошад, бояд ба ҳоли худ гузошта шавад, магар инки аз ӯ хилофи ончи зикр шуд ошкор шавад.

Мол, хун ва номуси мусалмон ҳаром аст, магар аз рӯи ҳақ.

Қазоват дар дунё бар асоси зоҳир ва дар охират бар асоси ният ва мақсадҳост.

التصنيفات

Тавҳиди улуҳият