إعدادات العرض
Ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Қуръон буд
Ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Қуръон буд
Саъд ибни Ҳишом ибни Ъомир вақте назди Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) даромад, гуфт: Эй модари муъминон манро аз ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бигӯ! Гуфт: Оё Қуръонро намехонӣ? Гуфт: бале мехонам, гуфт: Ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Қуръон буд.
[صحيح] [رواه مسلم في جملة حديثٍ طويلٍ]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt සිංහල ئۇيغۇرچە Kurdî Hausa Português മലയാളം မြန်မာ ไทย Deutsch 日本語 پښتو অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands తెలుగు Kiswahili தமிழ் دری Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy Română Kinyarwanda नेपाली Српски Soomaali Moore Українська Български Wolof Azərbaycan ქართული bm Македонскиالشرح
Модари муъминон Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсида шуд, ӯ саволдиҳандаро бисёр ба як сухани фарогир, яъне Қуръони карим, ки тамоми сифоти комилро дар худ дорад, посух гуфтанд. Ҳазрати Оиша гуфтанд, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ахлоқи Қуръонро дошт, ончи Қуръон амр фармудааст анҷом медод ва аз ончи наҳй кардааст дурӣ меҷуст, аз ахлоқи ӯ амал карда ба Қуръон ва пойбанд ба аҳкоми он буд, пойбанди тарбияти қуръонӣ буд ва ба амсолу қиссаҳои он эътибор медоданд.فوائد الحديث
Ташвиқ ва тарғиб ба пайравӣ аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар қабули ахлоқи қуръонӣ.
Ситоиши ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва инки ахлоқи неки ӯ аз нури ваҳй буд.
Қуръон сарчашмаи тамоми ахлоқи нек аст.
Ахлоқ дар Ислом тамоми дин, яъне анҷом додани дастурот ва дурӣ аз навоҳиро, фаро мегирад.