إعدادات العرض
Худованди Мутаъол ҳар шаб, дар сеяки охири он
Худованди Мутаъол ҳар шаб, дар сеяки охири он
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Худованди Мутаъол ҳар шаб, дар сеяки охири он, ба осмони дунё фурӯд меояд ва мефармояд: "Чӣ касе Маро мехонад то ӯро иҷобат кунам? Кӣ аз Ман талаб мекунад то ба ӯ ато кунам? Чӣ касе аз Ман омӯрзиш мехоҳад то ӯро биёмурзам?"
[صحيح] [متفق عليه]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tagalog Kurdî Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் සිංහල မြန်မာ ไทย Русский 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands ئۇيغۇرچە Hausa دری Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy Română Kinyarwanda नेपाली Српски Soomaali Deutsch Moore Українська Български Wolof Azərbaycan ქართული bm Македонскиالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки Худованди мутаъол ҳар шаб, дар сеяки охири он, ба осмони дунё фурӯд меояд ва бандагонро ташвиқ мекунад, ки Ӯро дуо кунанд, зеро ҳар касе Ӯро дуо кунад, дуояшро иҷобат мекунад, ва ононро ташвиқ мекунад, ки ҳарчи мехоҳанд аз Ӯ талаб кунанд, зеро ҳар касе аз Ӯ талаб кунад ба ӯ ато мекунад, аз онон мехоҳад, ки аз Ӯ талаби омӯрзиш кунанд, зеро Ӯ бандагони мӯъмини худро мавриди мағфират ва омӯрзиш қарор медиҳад.فوائد الحديث
Фазилати сеяки охири шаб ва намозу дуо ва истиғфор дар он.
Вақте банда ин хадисро мешунавад бояд талош кунад то аз вақтҳои қабули дуо истифода кунад.
التصنيفات
Тавҳиди исмҳо ва сифатҳо