إعدادات العرض
наҳй карданд ва гуфтанд: "Назр некӣ намеоварад, балки ба воситаи он миқдоре аз моли бахил бароварда мешавад
наҳй карданд ва гуфтанд: "Назр некӣ намеоварад, балки ба воситаи он миқдоре аз моли бахил бароварда мешавад
Аз Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки аз назр наҳй карданд ва гуфтанд: "Назр некӣ намеоварад, балки ба воситаи он миқдоре аз моли бахил бароварда мешавад."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Português Kurdî മലയാളം Kiswahili සිංහල অসমীয়া ગુજરાતી Tiếng Việt دری Nederlands Soomaali नेपाली پښتو Svenska Кыргызча Română తెలుగు Lietuvių ಕನ್ನಡ Српски Yorùbá ქართული Moore Kinyarwanda मराठी Magyar Македонски Azərbaycan Čeština Українська Wolof Malagasy Oromoo ไทย ਪੰਜਾਬੀ Deutsch አማርኛ ភាសាខ្មែរ Shqip தமிழ் မြန်မာالشرح
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз назр кардан манъ карданд. Назр ин аст, ки инсон чизеро бар гардани худ воҷиб мегардонад, дар ҳоле ки шариат ӯро ба он мукаллаф накардааст. Он Ҳазрат фармуд, ки назр чизеро пеш ё қафо намеандозад, балки бо назр аз шахси бахил чизе гирифта мешавад, касе, ки танҳо вазифаҳои воҷибашро иҷро мекунад. Назр чизеро, ки барояш муқаддар нашуда бошад, намеорад.فوائد الحديث
Назр кардан машруъ нест, аммо агар шахс назр кард, бар ӯ воҷиб мешавад, ки ба он вафо кунад, ба шарте ки он назр дар маъсияти Худо (гуноҳ) набошад.
Сабаби манъ шудани назр он аст, ки он ҳеҷ хайре нахоҳад овард. Зеро назр наметавонад дар тақдир дигаргунӣ оварад. Инчунин то назркунанда гумон накунад, ки бароварда шудани хоҳишаш ба сабаби назр буд. Худованд аз чунин амалу аҳдҳо бениёз аст.
Қуртубӣ гуфтааст: Манъи назр дар ҳолате аст, ки шахс гӯяд: "Агар Худо бемори маро шифо диҳад, ман фалон садақаро медиҳам." Сабаби макруҳ будани ин кор дар он аст, ки ӯ амалеро, ки бояд ба нияти наздик шудан ба Худо анҷом дода шавад, ба шарти ҳосил шудани манфиати шахсӣ вобаста кардааст. Ин нишон медиҳад, ки нияташ холисона барои наздикшавӣ ба Худо набуд, балки монанди муомила ё савдо аст. Агар шифо ҳосил намешуд, ӯ ҳамон садақаро намедод. Ин хислати бахил аст, ки чизе намедиҳад, магар бо умеди суди бештар ва фоидаи фаврӣ.
التصنيفات
Қасамҳо ва назрҳо