إعدادات العرض
Раҳояшон кун, зеро дар ҳоли вузӯ онҳоро пӯшидаам
Раҳояшон кун, зеро дар ҳоли вузӯ онҳоро пӯшидаам
Аз Муғира (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Дар сафаре ҳамроҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) будам, ман қасди берун овардани пойпӯши он Ҳазратро кардам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Раҳояшон кун, зеро дар ҳоли вузӯ онҳоро пӯшидаам" ва сипас бар онҳо масҳ кашиданд.
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt ئۇيغۇرچە Hausa Português Kurdî മലയാളം Kiswahili Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá සිංහල پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Română Kinyarwanda తెలుగు Lietuvių Nederlands Soomaali Shqip Српски Deutsch Українська ಕನ್ನಡ Wolof Moore ქართული Azərbaycan Magyar தமிழ் Македонски မြန်မာ አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek ភាសាខ្មែរ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар яке аз сафарҳояшон таҳорат карданд ва чун ба шустани пойҳо расиданд, Муғира ибни Шуъба дастонашро дароз кард, ки пойпӯши Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро бикашад, то пойҳояшонро бишӯяд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: раҳояшон кун ва берунашон наёвар, зеро ман дар ҳоле онҳоро пӯшидам, ки таҳорат доштам. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ҷойи шустани пойҳо бар пойпӯшашон (маҳсӣ) масҳ кашиданд.فوائد الحديث
Масҳ кашидан бар мӯза ва маҳсӣ дар ҳолати таҳорат кардан аз ҳадаси асғар (мисли қазои ҳоҷат, баромадани бод ва ғайра) ҷоиз аст. Аммо дар ҳолати ғусл кардан аз ҳадаси акбар (мисли ҷанобат, ҳайз ва ғайра) шустани пойҳо лозим аст.
Масҳ танҳо як маротиба аст ва он бо кашидани дасти тар аз болои маҳсӣ ё мӯза ва ғайра анҷом мешавад, на зери он.
Барои масҳ кашидан бар маҳсӣ ё мӯза ё ғайри он, шарт аст, ки баъд аз таҳорати комил ва шустани пойҳо бо об пӯшида шаванд ва худи попӯшҳо пок бошанд ва макони шустани фарзиро бипӯшонад (яъне, аз буҷулаки пойҳо боло бошад). Ва масҳ барои ҳадаси асғар (бетаҳоратӣ) бошад на барои ҳадаси акбар (ҷанобат ..) ё он чи ки ғуслро воҷиб мегардонад. Ва масҳ кашидан барои вақти муқарраркардаи шариат бошад, ки барои муқим як шабонарӯз ва барои мусофир се шабонарӯз аст.
Ҳар чизе, ки пойро мепӯшонад, - ҷӯроб бошад ё ғайри он - , бо маҳсӣ қиёс карда мешавад ва масҳ кашидан бар онҳо ҷоиз аст.
Ахлоқи некуи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва омӯзиши эшон, ба тавре ки Муғираро аз берун овардани попӯшҳояш боздошт ва сабабро ба ӯ баён кард, ки пойҳояшро дар ҳоли покӣ (ботаҳорат) дар попӯш карда буд, то дили ӯ ором гирад ва ҳукмро бидонад.
