إعدادات العرض
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ намоз мехонд, дастонашро чунон аз ҳам боз нигаҳ медошт, ки сафедии зери бағалҳояш дида мешуд
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ намоз мехонд, дастонашро чунон аз ҳам боз нигаҳ медошт, ки сафедии зери бағалҳояш дида мешуд
Аз Абдуллоҳ ибни Молик ибни Буҳайна (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ намоз мехонд, дастонашро чунон аз ҳам боз нигаҳ медошт, ки сафедии зери бағалҳояш дида мешуд.
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Português Kurdî Kiswahili සිංහල دری অসমীয়া Tiếng Việt Svenska Yorùbá Кыргызча Hausa ગુજરાતી नेपाली മലയാളം Română Nederlands Soomaali پښتو తెలుగు Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Српски Moore ქართული Čeština Magyar Українська Lietuvių Македонски Azərbaycan Wolof Malagasy Oromoo ไทย Deutsch मराठी ਪੰਜਾਬੀ አማርኛ ភាសាខ្មែរ Shqip தமிழ் မြန်မာ O‘zbek Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳаргоҳ ба саҷда мерафтанд, дастони худро боз ва дур аз ҳам мегузоштанд ва ҳар даст монанди бол аз паҳлу дур мешуд, то ин ки ранги пӯсти паҳлуи эшон ошкор мешуд. Ин аз муболиға дар дур сохтани бозуҳо аз ҳам дар ҳангоми саҷда аст.فوائد الحديث
Дур нигоҳ доштани бозуҳо аз паҳлуҳо дар ҳолати саҷда, мустаҳаб аст.
Ин кор барои касе, ки аз пушти имом намоз мегузорад ва дар ҳолати дур сохтани бозувонаш аз паҳлу боиси озор дидани атрофиёнаш мешавад, ҷоиз нест.
Дур кардани бозуҳо аз паҳлуҳо дар ҳолати саҷда манфиатҳои зиёд дорад, аз ҷумла: зоҳир кардани фаъолият ва хоҳиш ба намоз ва агар касе дар саҷда ба тамоми узвҳо такя кунад, ҳар узв насибе аз ибодати худро мегирад. Ҳамчунин гуфтаанд, ки ҳикмати он ин аст, ки ин ҳолат ба тавозуъ наздиктар аст ва сабаб мешавад пешонӣ ва бинӣ бар замин хубтар қарор бигирад ва сабаб мешавад, ки ҳар узв аз дигари мутамоиз ва ҷудо бошад.
