То имон наёваред ба биҳишт ворид намешавед ва имон намеоваред, то ин ки ҳамдигарро дӯст бидоред. Оё шуморо ба чизе роҳнамоӣ накунам, ки агар анҷомаш диҳед байни шумо…

То имон наёваред ба биҳишт ворид намешавед ва имон намеоваред, то ин ки ҳамдигарро дӯст бидоред. Оё шуморо ба чизе роҳнамоӣ накунам, ки агар анҷомаш диҳед байни шумо муҳаббат пайдо шавад? Саломро байни худ паҳн кунед

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "То имон наёваред ба биҳишт ворид намешавед ва имон намеоваред, то ин ки ҳамдигарро дӯст бидоред. Оё шуморо ба чизе роҳнамоӣ накунам, ки агар анҷомаш диҳед байни шумо муҳаббат пайдо шавад? Саломро байни худ паҳн кунед."

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намудааст, ки танҳо муъминон вориди биҳишт мешаванд ва имон комил намешавад ва вазъи ҷомеаи мусалмонӣ беҳбуд намеёбад, то он ки мусалмонон якдигарро дӯст бидоранд. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро ба беҳтарин корҳое, ки сабаби паҳн шудани муҳаббат мешавад, роҳнамои карданд, ки он паҳн кардани салом миёни мусалмонон аст. Чизе, ки Аллоҳ Таъоло онро миёни бандагонаш салому дуруд қарор додааст.

فوائد الحديث

Ворид шудан ба биҳишт танҳо бо имон аст.

Аз камоли имон ин аст, ки мусалмон барои бародараш он чиро, ки барои худ дӯст медорад, дӯст дорад.

Паҳн кардани салом ва гуфтани он ба мусалмонон мустаҳаб аст. Зеро он дар байни одамон муҳаббат ва амниятро паҳн мекунад.

Салом танҳо ба мусалмон гуфта мешавад, зеро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд "дар миёни худатон".

Гуфтани салом сабаби аз байн рафтани ҷудоӣ, душманӣ ва кинаварзӣ аст.

Муҳим будани муҳаббат байни мусалмонон ва ин ки он аз камоли имон аст.

Дар ҳадиси дигар шакли пурраи салом чунин омадааст: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ." Аммо гуфтани: "Ассалому алайкум", басанда аст.

التصنيفات

Фазоили амалҳои зоҳирӣ