На сирояти беморӣ (асар дорад) ва на фоли бад ва на ҳашарот ва на сафар (моҳи сафар) ва аз бемории ҷузомӣ (махав) бигрез, чунон ки аз шер мегурезӣ

На сирояти беморӣ (асар дорад) ва на фоли бад ва на ҳашарот ва на сафар (моҳи сафар) ва аз бемории ҷузомӣ (махав) бигрез, чунон ки аз шер мегурезӣ

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "На сирояти беморӣ (асар дорад) ва на фоли бад ва на ҳашарот ва на сафар (моҳи сафар) ва аз бемории ҷузомӣ (махав) бигрез, чунон ки аз шер мегурезӣ."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бархе аз умури замони ҷоҳилиятро барои огоҳӣ аз он баён карданд. Ва барои баёни он ки ҳама чиз ба дасти Аллоҳ аст ва чизе рух намедиҳад магар ба амр ва тақдири илоҳӣ. Он корҳо инҳоянд: Аввал: Мардуми замони пеш аз Ислом эътиқод доштанд, ки беморӣ худ ба худ сирояткунанда аст. Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ин бовар, ки интиқоли беморӣ аз як бемор ба бемори дигар бинобар табъи он беморӣ рух медиҳад, манъ намуданд. Зеро Аллоҳ Таъоло аст, ки дар ҳастӣ тасарруф мекунад ва Ӯ аст, ки бемориро ба вуҷуд меорад ва онро аз байн мебарад ва ин кор ҷуз ба ирода ва ихтиёри Ӯ рух намедиҳад. Дуввум: Мардуми замони пеш аз Ислом агар барои сафар ё тиҷорат берун мешуданд, парандаеро ба парвоз медоданд, агар ба тарафи рост парвоз мекард, онро башорат ва хушӣ медонистанд. Ва агар ба тарафи чап парвоз мекард, онро шум ва бадӣ мепиндоштанд ва аз сафар ё тиҷорат бармегаштанд. Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фоли бад гирифтан бо парандаро манъ кард ва баён намуд, ки ин эътиқоди ботил аст. Сеюм: Мардуми пеш аз Ислом мегуфтанд: Агар мурғи бум ба хонае фуруд ояд, ба сари аҳли он хона офате ё мусибате рӯй хоҳад дод. Бинобар ин Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз шум донистани бум манъ карданд. Чаҳорум: Дар бораи моҳи сафар, ки моҳи дуюми солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ аст, бадбинӣ кардан ҳаром аст. Мегуфтанд, ки моҳи сафар море аст дар меъда, ки ба чорво ва одамон сироят мекунад. Гумон мекарданд, ки сахттар аз бемории ҷараб (як навъ бемории пӯст маъруф ба хоришак) аст. Он ҳазрат ин эътиқодро низ рад карданд. Панҷум: Дурӣ ҷустан аз шахсе, ки гирифтори махав аст, чунон ки аз шер мегурезад ва ин аз рӯйи эҳтиёт барои ҳифзи ҷон ва талаби саломатӣ ва анҷоми асбобе аст, ки Аллоҳ ба он амр кардааст. Ҷузом (махав) навъи беморие аст, ки боиси резиши аъзои бадан мешавад.

فوائد الحديث

Таваккал ба Аллоҳ ва эътимод ба Ӯ ва анҷом додани сабабҳои машруъ воҷиб аст.

Имон ба қазо ва қадари илоҳӣ ва ин ки асбоб ба дасти Аллоҳ аст ва Ӯ аст, ки онро ҷорӣ месозад ё таъсири онро бекор мекунад, воҷиб аст.

Ботил будани корҳое, ки баъзе аз мардум анҷом медиҳанд, аз ҷумла: шум донистани баъзе аз рангҳо, монанди сиёҳ ва сурх, ё баъзе аз ададҳо, ё номҳо, ё шахсҳо ва ё касоне, ки дучори маълулият ва беморӣ ҳастанд.

Наҳй аз наздик шудан ба шахси мубталои махав ва ҳамчунин ба одамони гирифтори бемориҳои сирояткунанда аз ҷумлаи сабабҳоест, ки одатан Худованд онҳоро василаи расидан ба натиҷаи муайян қарор додааст. Аммо сабабҳо худ аз худ таъсиргузор нестанд. Балки Худованд аст, ки агар бихоҳад, қувваи таъсиргузории онҳоро мегирад ва дигар ҳеҷ таъсире намекунанд; ва агар бихоҳад, он қувваро боқӣ мегузорад ва сабабҳо таъсир мекунанд.

التصنيفات

Масъалаҳои ҷоҳили, Амалҳои дил