إعدادات العرض
Роҳи рост ва миёнаравиро дар пеш бигиред ва дурусткору устувор бошед (яъне, амалҳои худро бо ихлос ва мувофиқи суннат анҷом диҳед) ва бидонед, ки ҳеҷ яке аз шумо бо…
Роҳи рост ва миёнаравиро дар пеш бигиред ва дурусткору устувор бошед (яъне, амалҳои худро бо ихлос ва мувофиқи суннат анҷом диҳед) ва бидонед, ки ҳеҷ яке аз шумо бо амалаш наҷот намеёбад." Саҳобаҳо пурсиданд: Эй Расули Худо, ҳатто шумо ҳам? Фармуд: "Ҳатто ман ҳам, магар ин ки Худованд маро бо раҳмат ва фазли хеш фаро гирад
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Роҳи рост ва миёнаравиро дар пеш бигиред ва дурусткору устувор бошед (яъне, амалҳои худро бо ихлос ва мувофиқи суннат анҷом диҳед) ва бидонед, ки ҳеҷ яке аз шумо бо амалаш наҷот намеёбад." Саҳобаҳо пурсиданд: Эй Расули Худо, ҳатто шумо ҳам? Фармуд: "Ҳатто ман ҳам, магар ин ки Худованд маро бо раҳмат ва фазли хеш фаро гирад."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Kurdî Kiswahili Português සිංහල Tiếng Việt Nederlands অসমীয়া ગુજરાતી پښتو Hausa മലയാളം नेपाली ქართული Magyar తెలుగు Македонски Svenska ಕನ್ನಡ Moore አማርኛ Română Українська ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری Wolof ភាសាខ្មែរ Malagasy Yorùbá Српски Lietuvių Kinyarwanda Shqip தமிழ் မြန်မာ Oromoo Deutschالشرح
Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) саҳобаҳоро ташвиқ карданд, ки амал кунанд ва то ҳадди тавон тақво ва парҳезгориро пеша кунанд, бидуни зиёдаравӣ ё кӯтоҳӣ, балки дар амалҳо ихлос ва пайравии суннатро риоят кунанд, то амалҳо пазируфта шаванд ва сабаби нузули раҳмати илоҳӣ бар онҳо гарданд. Сипас хабар доданд, ки танҳо амал наметавонад касеро аз оташи дӯзах наҷот диҳад, балки бояд раҳмати Худованд ӯро фаро гирад. Саҳобаҳо пурсиданд: Ҳатто шумо ҳам, эй Расули Худо, бо амалҳои бузурге, ки доред наҷот намеёбед? Фармуданд: Ҳатто ман ҳам, магар ин ки Худованд маро бо фазлу раҳмати хеш фаро гирад ва бипӯшонад.فوائد الحديث
Нававӣ мегӯяд: سدِّدوا وقاربوا (Саддиду ва қорибу) маънояш ин аст, ки дурустиро талаб кунед ва ба он амал кунед, агар наметавонед комилан ба он бирасед, ба он наздик шавед. Садод, яъне ростӣ ва дурустӣ аст, миёнаи ифрот ва тафрит. Бинобар ин на зиёдаравӣ кунед ва на кӯтоҳӣ.
Ибни Боз мегӯяд: Амалҳои нек василаи дохил шудан ба биҳиштанд, чунончи, амалҳои бад сабаби дохил шудан ба дӯзаханд. Аммо ҳадис баён мекунад, ки дохил шудан ба биҳишт танҳо бо амал нест, балки бо авфу раҳмати Худованд аст. Онҳо ба воситаи амалҳо сабаби дохил шудан ба биҳиштро фароҳам карданд, аммо он чи муҷиби дохил шудан ба биҳишт мегардад, раҳмат ва мағфирати илоҳӣ аст.
Банда набояд бо амалаш мағрур шавад, ҳарчанд бисёр ҳам бошад, зеро ҳаққи Худованд болотар аз ҳар амал аст. Бинобар ин инсон бояд ҳамеша байни тарс ва умед бошад.
Фазлу раҳмати Худованд бар бандагонаш васеътар аз амалҳояшон аст.
Аъмоли солеҳ сабаби ворид шудан ба биҳиштанд, аммо дастёбӣ ба он бо фазлу раҳмати Аллоҳ Таъоло мебошад.
Кирмонӣ мегӯяд: Агар ҳамаи мардум танҳо бо раҳмати Худо ба биҳишт дароянд, пас сабаби зикри махсуси Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) он аст, ки агарчи қатъан маълум аст, ки ӯ ба биҳишт медарояд, вале чун ӯ ҳам танҳо бо раҳмати Худо вориди биҳишт мешавад, ғайри ӯ ба тариқи авло чунин аст.
Нававӣ мегӯяд: Оятҳое чун: (Ба подоши он чи мекардед, [инак] ба биҳишт дароед) (Сураи Наҳл, ояти 32), (Ин ҳамон биҳиштест, ки дар баробари рафторатон ба шумо додаанд) (Сураи Зухруф, ояти 72) ва монанди ин дигар оятҳое, ки далолат мекунанд бар он ки ҷаннат бо амалҳо дода мешавад, мухолифи он ҳадисҳое нестанд, ки мегӯянд шахс танҳо бо амалаш вориди биҳишт намешавад. Балки маънои оятҳо ин аст, ки аъмол сабаб барои даромадан ба ҷаннатанд. Аммо тавфиқ ба аъмол, ҳидоят ба ихлос ва қабули он аъмол, ҳама бо раҳмат ва фазли Худованд аст. Бинобар ин дуруст аст, ки ворид шудан ба биҳишт танҳо бо амал нест (яъне, бо раҳмат аст) ва дуруст аст, ки ворид шудан ба биҳишт ба сабаби амалҳо шудааст (чун онҳо сабаб будаанд) ва худи ин амалҳо низ аз раҳмати Худо ҳастанд.
Ибни Ҷавзӣ мегӯяд: Аз ин масъала чаҳор посух ба даст меояд: Якум: тавфиқ ба амал аз раҳмати Худост. Агар раҳмати қаблии Ӯ намебуд, на имон ҳосил мешуд ва на итоате, ки наҷот меорад. Дуюм: манфиати банда ба мавлои ӯ бармегардад ва амалҳои ӯ барои мавлояш аст. Бинобар ин ҳар подоше, ки мавлояш ба ӯ медиҳад аз рӯи фазлу лутфи Ӯст. Сеюм: дар баъзе ҳадисҳо омадааст, ки худи дохил шудан ба биҳишт бо раҳмати Худост, аммо тақсими дараҷаҳо бо амалҳо мешаванд. Чаҳорум: аъмоли неки банда дар вақти кӯтоҳ анҷом мешаванд, аммо подоши Худованд поён надорад. Пас, ин подоши беинтиҳо ба фазлу эҳсони Аллоҳ аст на бар ивази амали банда.
Рофиъӣ гуфтааст: Амалкунанда дар талаби наҷот ва расидан ба дараҷаҳои баланд набояд танҳо ба амали худ такя кунад, зеро амалаш танҳо бо тавфиқи Худост ва тарки гуноҳ низ бо муҳофизати Ӯст. Бинобар ин ҳамаи он аз фазлу раҳмати Худованд аст.
التصنيفات
Тавҳиди исмҳо ва сифатҳо