إعدادات العرض
муфарридон" пешӣ ҷустанд
муфарридон" пешӣ ҷустанд
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар роҳи Макка мерафтанд ва аз назди кӯҳе мегузаштанд, ки номаш Ҷумдон буд, Фармуд: "Ҳаракат кунед биравед, ин Ҷумдон аст, "муфарридон" пешӣ ҷустанд". Гуфтанд: "Муфарридон" киҳо ҳастанд эй Расули Аллоҳ? Фармуд: "Мардон ва заноне, ки Аллоҳро бисёр ёд мекунанд."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी සිංහල ئۇيغۇرچە Hausa Kurdî Kiswahili Português دری অসমীয়া Tiếng Việt Svenska Yorùbá Кыргызча ગુજરાતી नेपाली Română മലയാളം Nederlands తెలుగు پښتو Soomaali Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Српски Moore ქართული Čeština Magyar Українська Македонски Lietuvių Azərbaycan Wolof Malagasy Oromoo ไทย Deutsch मराठी ਪੰਜਾਬੀ አማርኛ ភាសាខ្មែរ Shqip தமிழ் မြန်မာ O‘zbek Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) манзилати касонеро, ки Аллоҳро зиёд зикр мекунанд, баён намудааст. Ва ин ки онон дар касби дараҷоти воло дар биҳишт аз дигарон пеш гузаштаанд ва онҳоро ба кӯҳи Ҷумдон ташбеҳ карданд, ки аз дигар кӯҳҳо ҷудо афтодааст.فوائد الحديث
Зиёд зикр кардан ва ба он машғул шудан мустаҳаб аст, зеро бартарӣ дар охират танҳо бо тоъату ихлос дар ибодати бисёр ба даст меояд.
Зикри Аллоҳ танҳо бо забон, ё танҳо бо дил, ё бо дилу забон якҷоя мешавад, ки баландтарин мартаба аст.
Аз ҷумлаи зикрҳо, зикрҳои муқайяд ба вақт ва ҳолати хос ҳастанд, монанди зикрҳои субҳу шом, зикрҳои баъд аз намозҳои фарзӣ ва ғайра.
Нававӣ мегӯяд: Бидон, ки фазилати зикр танҳо ба тасбеҳ, таҳлил, таҳмид, такбир ва монанди инҳо нест, балки ҳар кас дар роҳи тоати Аллоҳ Таъоло амал кунад, зикр кунандаи Аллоҳ Таъоло аст.
Зикри Аллоҳ аз бузургтарин асбоби пойдорӣ аст. Аллоҳ Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд: "Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки бо гурӯҳе [аз душманон] рӯбарӯ шудед, пойдорӣ намоед ва Аллоҳ Таъолоро бисёр ёд кунед, бошад, ки растагор шавед." (Сураи Анфол, ояти 45).
Муқоиса байни зикркунандагон ва кӯҳи Ҷумдон, инзиво ва ҷудоӣ аст. Кӯҳи Ҷумдон аз дигар кӯҳҳо ҷудо аст ва зикркунандагон низ ин гуна ҳастанд. Мунфарид ва ҷудо афтода касе аст, ки дилаш ва забонаш бо ёди Парвардигораш аз дигарон ҷудо аст, ҳатто агар дар миёни мардум ҳам бошад. Ва бо вақтҳои хилват ва танҳоӣ унс мегирад ва аз бисёр мухолатат бо мардум дучори адами унс ва дилтангӣ мешавад. Шояд монанди дар ин ҳам бошад, ки зикр сабаби устуворӣ дар дин аст, чӣ гунае, ки кӯҳҳо сабаби устувории замин ҳастанд. Ё манзур сабқат гирифтан ба сӯи некиҳо дар дунё ва охират бошад, зеро мусофире, ки аз Мадина ба Макка меравад, вақте ба Ҷумдон расид, ин нишонаи расидани ӯ ба Макка аст ва касе, ки ба онҷо расид, аз дигарон сабқат гирифта аст. Он ки зикри Аллоҳро мегӯяд, низ ба сабаби касрати зикри Аллоҳ аз дигарон сабқат ҷуста аст. Аллоҳ донотар аст.
التصنيفات
Фазоили зикр