إعدادات العرض
Марде ба мардум қарз медод ва ба ҷавони зердасти худ мегуфт: агар (барои гирифтани қарз) назди тангдасте рафтӣ ӯро бубахш, шояд ба сабаби он Худованд моро бубахшад
Марде ба мардум қарз медод ва ба ҷавони зердасти худ мегуфт: агар (барои гирифтани қарз) назди тангдасте рафтӣ ӯро бубахш, шояд ба сабаби он Худованд моро бубахшад
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Марде ба мардум қарз медод ва ба ҷавони зердасти худ мегуфт: агар (барои гирифтани қарз) назди тангдасте рафтӣ ӯро бубахш, шояд ба сабаби он Худованд моро бубахшад. Ӯ дар ҳоле бо Худованд мулоқот мекунад, ки ӯро бахшидааст".
[صحيح] [متفق عليه]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands සිංහල தமிழ் ไทย دری Български Fulfulde Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy or Română Kinyarwanda O‘zbek Akan नेपाली Moore Azərbaycan Wolof Oromoo Українська km bm rn ქართული Македонски Српскиالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар мавриди марде мегӯяд, ки ба мардум қарз медод ё бо қарз ба онҳо мол медод, ва ба ғуломи худ, ки қарзи ӯро аз мардум мегирифт, мегуфт: Агар назди касе рафтӣ, ки тавони пардохти қарзи худро надорад "аз ӯ бигзар" ё ба ӯ муҳлат бидеҳ ва дар гирифтани қарз пойфишорӣ накун, ё тавони пардохти ҳар миқдоре аз молро дорад бипазир, ки шояд ба сабаби он Худованд аз мо бигзарад ва мавриди бахшиш қарор бидиҳад. Чун он мард вафот кард, Худованд ӯро авф ва аз гуноҳонаш даргузашт.فوائد الحديث
Муомилаи нек бо мардум ва гузашт дар тангдастӣ, аз бузургтарин асбоби наҷоти банда дар рӯзи қиёмат аст.
Некӣ ба мардум, ихлос дар амал ва умед бастан ба раҳмати Худованд аз сабабҳои омӯрзиши гуноҳон аст.
التصنيفات
Ахлоқи писандида