إعدادات العرض
Ҳеҷ бандае (айби) бандаеро дар дунё намепӯшонад, магар ин ки Худованд рӯзи қиёмат (айбҳо ва гуноҳони ) ӯро мепӯшонад
Ҳеҷ бандае (айби) бандаеро дар дунё намепӯшонад, магар ин ки Худованд рӯзи қиёмат (айбҳо ва гуноҳони ) ӯро мепӯшонад
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳеҷ бандае (айби) бандаеро дар дунё намепӯшонад, магар ин ки Худованд рӯзи қиёмат (айбҳо ва гуноҳони ) ӯро мепӯшонад."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tiếng Việt සිංහල Hausa Kurdî Kiswahili Português தமிழ் Nederlands অসমীয়া ગુજરાતી پښتو മലയാളം नेपाली ქართული Magyar తెలుగు Македонски Svenska Moore Română Українська ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Wolof ភាសាខ្មែរ ಕನ್ನಡ Yorùbá Српски Malagasy Kinyarwanda Shqip မြန်မာ Oromoo Lietuvių Deutschالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки мусалмоне бародари мусалмони худро дар коре аз корҳои дунё намепӯшонад, магар ки Худованд рӯзи қиёмат ӯро мепӯшонад. Подош аз ҷинси амал аст. Пӯшонидани Аллоҳ Таъоло ӯро, пӯшонидани нуқсонҳо ва гуноҳҳояш аст, ки аз чашми мардум дар саҳнаи қиёмат махфӣ мемонад ва мумкин аст ки Худованд аз ҳисобу китоби онҳо бигзарад ва барояш ёдоварӣ накунад.فوائد الحديث
Машруияти пӯшондани мусалмон агар муртакиби гуноҳе шуд, бояд ҳамроҳи инкори он амал дар назди ӯ ва насиҳат намудан ва тарсондани ӯ аз Худованд бошад. Аммо агар шахси гунаҳкор аз ҷумлаи онҳое бошад, ки ошкоро ба гуноҳ, бадкорӣ ва фасодкорӣ машғуланд, пӯшондани ӯ шоиста нест, зеро ин кор онҳоро дар иртикоби гуноҳон ҷуръати бештар медиҳад, балки бояд масъалаи ӯ ба соҳибони қарор ва ҳокимон расонида шавад, ҳатто агар ин кор ба гунаҳкор шуҳрат диҳад, зеро ӯ гуноҳ ва бадкории худро ошкоро анҷом медиҳад.
Ташвиқ ба пӯшонидани иштибоҳоти дигарон.
Аз манфиатҳои пӯшонидан ин аст, ки ба гунаҳкор фурсати бознигарӣ ва тавба кардан ба сӯи Худо дода мешавад, зеро ошкор кардани нуқсонҳо ва чизҳои шармовар аз ҷумлаи паҳн кардани фаҳшо аст, ки фазои иҷтимоиро вайрон мекунад ва одамонро ба содир кардани он ҳавасманд месозад.
