Аз чизҳое, ки баъд аз марги худ бар шумо метарсам, ин аст, ки дарҳои зебоӣ ва зинатҳои дунё ба рӯи шумо кушода шаванд

Аз чизҳое, ки баъд аз марги худ бар шумо метарсам, ин аст, ки дарҳои зебоӣ ва зинатҳои дунё ба рӯи шумо кушода шаванд

Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Рӯзе Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар минбар нишаста буд, мо низ дар атрофи ӯ нишаста будем. Фармуданд: "Аз чизҳое, ки баъд аз марги худ бар шумо метарсам, ин аст, ки дарҳои зебоӣ ва зинатҳои дунё ба рӯи шумо кушода шаванд". Марде гуфт: Эй Расули Худо! Оё хайр, шар меоварад? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хомӯш монд. Ба он мард гуфтанд: Чӣ шудааст туро? Бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҳарф мезанӣ, дар ҳоле ки ӯ бо ту ҳарф намезанад? Мо дидем, ки бар ӯ ваҳй нозил мешавад. Баъд аз он Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) арақи худро пок карда, фармуд: "Саволдиҳанда куҷост?", гӯё ӯро таъриф кард. Сипас фармуд: "Хайр ҳаргиз шар намеоварад. Ва аз он чи баҳори сабз мерӯёнад, баъзан мекушад ё наздик ба ҳалокат мекунад, ҷуз ҳайвоноте, ки хӯроки сабзи нарм мехӯранд, онҳо мехӯранд то ду паҳлӯяшон варам кунад, баъд ба сӯи офтоб рӯ меоранд ва наҷосат меандозанд, пешоб мекунанд ва боз чаро мекунанд. Ин мол низ сабзу ширин аст. Чӣ хуб моле аст барои мусалмон, агар онро ба мискин, ятим ва мусофир диҳад — ё чунон ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд — аммо касе, ки онро ба ғайри ҳақ мегирад, мисли касест, ки мехӯрад ва сер намешавад. Ва он мол дар рӯзи қиёмат бар ӯ гувоҳ хоҳад буд."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) рӯзе бар минбар нишаста буд ва бо саҳобагони худ сухан мегуфт. Фармуд: Бештарин чизе, ки пас аз худ бар шумо метарсам ва аз он ҳаросонам, ин аст, ки баракатҳои замин, зебоии дунё, зинат ва ҷилои он ба рӯи шумо кушода шавад. Чизҳое аз навъҳои неъматҳо, либосҳо, зироатҳо ва дигар чизҳое, ки мардум бо зебоии онҳо фахр мекунанд, бо вуҷуди он ки умрашон кӯтоҳ аст. Марде гуфт: Зебоии дунё неъмати Худост. Оё мешавад, ки ин неъмат табдил ба азоб ва бало гардад? Мардум он саволдиҳандаро маломат карданд, зеро диданд, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хомӯш монд ва гумон карданд, ки ӯро ранҷонд. Сипас равшан шуд, ки бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ваҳй нозил мешуд. Пас ӯ арақро аз пешониаш пок кард ва фармуд: Саволдиҳанда куҷост? Он мард гуфт: Ман ҳастам. Он гоҳ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Худовандро ҳамду сано гуфт ва сипас фармуд: Хайри ҳақиқӣ ҷуз хайр намеоварад. Аммо ин зебоии дунё (шукуфа) хайри маҳз нест, зеро инсонро ба фитна, рашк, рақобат ва машғул шудан ба дунё водор мекунад, то ин ки аз рӯ овардан ба охират боз монад. Сипас барои ин мисол оварда, фармуд: Набототи баҳор ва сабзии он, ки навъи гиёҳест, ки чорво онро бо иштиҳо мехӯрад, аммо аз пурхӯрӣ дучори бадҳазмӣ мешавад ё ба дами марг мерасад. Ҷуз он чорпоёне, ки гиёҳони сабзро мехӯранд, онҳо мехӯранд то паҳлуҳои шикамашон пур шавад, пас рӯ ба офтоб меоранд, наҷосати нарм ва пешоб мекунанд, баъд чизеро, ки дар шикамашон аст боло мекашанд, онро хойида боз фурӯ мебаранд ва баъд боз ба чаро бармегарданд. Зеро ин мол монанди гиёҳи сабзу ширини баҳор аст, агар онро бисёр бихӯрӣ, метавонад бикушад ё ба ҳалокат наздик созад. Аммо агар инсон танҳо ба қадре аз он бигирад, ки ниёзи ӯро бартараф мекунад ва аз роҳи ҳалол ба даст меояд, ба ӯ зарар намерасонад. Ва чӣ некӯ моле аст барои мусалмон, агар аз он ба мискин, ятим ва мусофир диҳад. Касе, ки онро ба ҳаққи худ мегирад, Худованд барояш баракат медиҳад. Аммо касе, ки онро ба ғайри ҳақ мегирад, мисли касест, ки мехӯрад, вале сер намешавад ва он мол дар рӯзи қиёмат бар зарари ӯ гувоҳӣ медиҳад.

فوائد الحديث

Имом Нававӣ дар мавриди ин ҳадис мегӯяд: Дар ин ҳадис фазилати мол собит мешавад, барои касе, ки онро ба ҳақ мегирад ва дар роҳҳои хайр сарф мекунад.

Хабар додани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ҳоли умматаш ва он чи аз зинати дунё ва фитнаи он ба рӯйи онҳо кушода хоҳад шуд.

Аз суннати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ин буд, ки барои наздик кардани маънӣ ба ақлҳо мисолҳо меовард.

Тарғиб ба садақа кардан ва харҷ кардани мол дар роҳҳои хайр ва ҳушдор аз бухл ва андӯхтани беҷо.

Аз гуфтаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам): "Хайр ҳаргиз бо худ шарр намеоварад", чунин бармеояд, ки ризқ, ҳатто агар бисёр ҳам бошад, аз ҷумлаи хайр аст. Шар танҳо дар он ҳолат ба вуҷуд меояд, ки инсон нисбат ба соҳибҳаққон бухл варзад, ё онро исрофкорона дар ҷойҳое, ки шариат иҷозат надодааст, сарф намояд. Ҳамчунин, ҳар чизе, ки Худо онро хайр қарор додааст, ҳаргиз ба шар табдил намешавад ва ҳар чизе, ки шар муайян карда шудааст, ба хайр табдил намегардад. Аммо тарс аз он аст, ки касе, ки ба ӯ хайр дода шудааст, дар тарзи истифодаи он коре кунад, ки барояш шар ба бор оварад.

Таваққуф кардан ва шитоб накардан дар посух додан, вақте ки масъала ба андеша ва тафаккур ниёз дорад.

Тайбӣ гуфтааст: Аз ин ҳадис метавон чаҳор гурӯҳро бардошт: касе, ки бо ҳаловатхоҳӣ ва ифроткорона мехӯрад, то он ҷое ки паҳлӯҳояш варам мекунад ва хӯрданро қатъ намекунад ва зуд ба ҳалокат мерасад. Касе, ки ҳамчунин бо ифрот мехӯрад, аммо баъд аз шиддат ёфтани беморӣ ҳила меҷӯяд, то онро дур кунад, вале беморӣ бар ӯ ғолиб меояд ва ӯро ҳалок месозад. Касе, ки ҳамчунин мехӯрад, вале ба зудӣ барои дур кардани он чи ба ӯ зарар мерасонад шитоб мекунад ва чораҷӯӣ мекунад, то ин ки хӯрок ҳазм шавад, талош мекунад ва наҷот меёбад. Касе, ки бе ифрот ва пурхурӣ мехӯрад, балки танҳо ба қадре, ки гуруснагиашро бартараф кунад ва нерӯяшро нигоҳ дорад. Аввалӣ, мисоли кофир аст. Дувумӣ, мисоли гунаҳкори ғофиле аст, ки аз гуноҳ рӯй гардондану тавба карданро фақат ҳангоме мехоҳад, ки дигар дер шудааст. Севумӣ, мисоли касест, ки бо гуноҳ омехта амал мекунад, аммо пеш аз баста шудани дари тавба ба зудӣ тавба мекунад ва тавбаи ӯ қабул мешавад. Чаҳорумӣ, мисоли зоҳиде дар дунё ва хоҳишманди охират аст.

Ибни Мунир мегӯяд: "Дар ин ҳадис чанд ташбеҳи зебову нозук вуҷуд дорад: Якум: мол ва афзоиши он ба гиёҳ ва рӯйидани он монанд шудааст. Дувум: касе, ки саргарми касби мол ва воситаҳои ба даст овардани он аст, ба чорпоёне монанд шудааст, ки саргарми алафхӯрӣ ҳастанд. Сеюм: ҳарисона зиёд кардану захира намудани мол ба пурхӯрӣ ва аз хӯрок пур кардани шикам монанд шудааст. Чаҳорум: моле, ки инсон аз дороии худ берун мекунад, бо вуҷуди он ки дар назари мардум чунон азизу арзишманд аст, ки дар нигоҳ доштани он ба бухли шадид меафтанд, ба саргине монанд шудааст, ки чорпо аз худ берун мекунад. Дар ин ташбеҳ ишораи нозуке ҳаст, ки он мол аз назари шаръ нопок шумурда мешавад. Панҷум: касе, ки аз ҷамъоварӣ ва рӯйи ҳам анбоштани мол даст мекашад, ба гӯсфанде монанд шудааст, ки ором гирифта, паҳлуяшро ба замин мегузорад ва рӯ ба офтоб мекунад. Ин яке аз беҳтарин ҳолатҳои оромиву осудагии он аст. Дар ин ташбеҳ ҳамчунин ишорае ҳаст, ки он ҳайвон он чиро ба нафъаш аст, дарк мекунад. Шашум: марги касе, ки мол ҷамъ мекунад, вале ҳаққи онро намедиҳад, ба марги чорпое монанд шудааст, ки аз дур кардани он чи ба вай зарар мерасонад, ғофил мемонад. Ҳафтум: мол ба ҳамнишине монанд шудааст, ки аз душман шудани ӯ эмин наметавон буд. Зеро инсон аз муҳаббат ба мол онро маҳфуз нигоҳ медорад ва сахт мебандад. Ин дилбастагӣ ӯро ба он водор мекунад, ки молро аз соҳибони ҳаққаш дареғ дорад ва ҳамин сабаби азоб дидани соҳиби мол мегардад. Ҳаштум: касе, ки молро ба ноҳақ мегирад, ба шахсе монанд шудааст, ки мехӯрад, вале сер намешавад."

Синдӣ мегӯяд: "Пас, тибқи ин ҳадис, дар масъалаи мол ду чиз зарур аст: якум, онро аз роҳи дуруст ба даст овардан; дувум, онро дар ҷойҳои муносибаш харҷ кардан. Агар яке аз ин ду набошад, мол ба мояи зарар табдил меёбад… Ҳамчунин метавон гуфт: дар ин сухан ишорае ба пайванди ҷудонопазири ин ду шарт вуҷуд дорад; яъне, инсон танҳо вақте ба харҷи мол дар ҷойҳои муносибаш муваффақ мешавад, ки онро аз роҳи дуруст ба даст оварда бошад."

التصنيفات

Накуҳиши дунё дустдорӣ