إعدادات العرض
Ба дурустӣ, маро аз (коре) бузург суол кардӣ. Дар ҳақиқат ин (кор) танҳо бар касе осон аст, ки Худои Таъоло онро бар вай муяссар гардонад
Ба дурустӣ, маро аз (коре) бузург суол кардӣ. Дар ҳақиқат ин (кор) танҳо бар касе осон аст, ки Худои Таъоло онро бар вай муяссар гардонад
Аз Муъоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Дар сафаре ҳамроҳи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) будам, дар ҳоли роҳ рафтан ба ӯ наздик шудам ва ба ӯ гуфтам: Эй Пёмбари Худо, аз амале бароям бигӯ, ки маро ба биҳишт дохил кунад ва аз оташи дӯзах дур созад". Паёмбар гуфт: «Ба дурустӣ, маро аз (коре) бузург суол кардӣ. Дар ҳақиқат ин (кор) танҳо бар касе осон аст, ки Худои Таъоло онро бар вай муяссар гардонад: Худоро ибодат кунӣ ва ба Ӯ ҳеҷ чизро шарик муқаррар насозӣ; ва намоз бигузорӣ; ва закот бидиҳӣ; ва (моҳи) Рамазонро рӯза бидорӣ; ва Хонаро ҳаҷ бикунӣ». Сипас гуфт: «Оё туро ба дарвозаҳои хайр далолат кунам?: Рӯза сипар аст (ки рӯзадорро аз азоби дӯзах нигоҳ медорад); ва садақа гуноҳро маҳв месозад, ҳамчуноне, ки об оташро хомӯш месозад; ва (дигаре аз дарвозаҳои хайр) намози мард дар нимаи шаб (аст)». (Ровӣ) гуфт: "Пас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) (ин оятро) тиловат кард: (Дар ними шаб) паҳлӯҳояшон аз бистарҳо дур мешавад (ва хоби ширинро тарк гуфта ва ба ибодати Парвардигорашон мепардозанд) [Сураи Саҷда, ояти 16]. Сипас гуфт: «Оё туро аз саромади ҳамаи корҳо, сутуни он ва баландтарини он хабар диҳам?» Гуфтам: "Оре, эй Расули Худо". Гуфт: «Саромади корҳо ислом аст, сутуни он намоз аст ва баландтарин мақоми он кӯшиш барои пешрафти дин аст». Сипас гуфт: «Оё туро аз асли ҳамаи онҳо хабар диҳам?» Гуфтам: "Оре, эй Расули Худо". Пас ба забонаш ишора карду гуфт: «Инро нигоҳ дор!» Гуфтам: "Эй Паёмбари Худо, оё барои он чи мо мегӯем, накӯҳиш карда мешавем?" Сипас гуфт: «Модарат дар мотамат нишинад, магар одамонро бар рӯйҳояшон - ё ин ки гуфт: бар биниҳояшон– ба ҷуз маҳсули бади забонҳояшон боз барои чизи дигаре ба оташ меафкананд?!» [Яъне ҷазои касе, ки дар байни мардум бадгӯӣ карда мегардад ин аст, ки ӯ аз рӯяш ва ё аз бинияш кашида-кашида ба дӯзах андохта мешавад].
الترجمة
العربية Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Türkçe اردو 中文 हिन्दी Hausa Kurdî Português සිංහල Nederlands অসমীয়া Tiếng Việt Kiswahili ગુજરાતી پښتو Română മലയാളം नेपाली Deutsch Кыргызча తెలుగు ქართული Moore Magyar Svenska Македонски ಕನ್ನಡ Українська አማርኛ Kinyarwanda Oromoo ไทย Lietuvių Српски Tagalog मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری বাংলা Malagasy ភាសាខ្មែរ O‘zbek தமிழ் Azərbaycan Wolof Češtinaالشرح
Муъоз (разияллоҳу анҳу) мегӯяд: Дар сафаре ҳамроҳи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) будам ва рӯзе ҳангоми роҳ рафтан ба ӯ наздик шудам ва гуфтам: Эй Расули Аллоҳ! барои ман амалеро бигӯ, ки манро ба биҳишт дохил кунад ва аз дӯзах дур созад. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Дар бораи чизе аз ман пурсидӣ, ки амал карданаш бар инсонҳо бузург аст. Аммо он бар касе, ки Худо барояш осон гардонад, осон аст. Фарзҳои Исломро анҷом деҳ: Якум: Танҳо Аллоҳро ибодат кун ва касеро бо Ӯ шарик қарор мадеҳ. Дувум: Намозҳои панҷгона (бомдод, пешин, аср, шом, хуфтан)-ро дар шабонарӯз бо шартҳо, аркон ва воҷиботаш анҷом бидеҳ. Севум: Закоти фарзиро бидеҳ. Ин ибодати молист, ки дар ҳар моле, ки ба ҳадди муайяни шаръӣ расида бошад, бароварда ва ба соҳибҳаққонаш дода мешавад. Чаҳорум: Моҳи Рамазонро рӯза бигир. Яъне, худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан ва дигар ботилкунандаҳои рӯза бо нияти ибодат, аз тулӯи субҳ то ғуруби офтоб. Панҷум: Бо қасди адои маносик ба Макка меравӣ ва бо нияти ибодат ба Худованд ҳаҷҷи байтуллоҳ (Каъба)-ро анҷом медиҳӣ. Сипас Паёмбари Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Оё ба он роҳе, ки туро ба сӯи дарҳои некӣ мебарад, роҳнамоӣ кунам? Он роҳ анҷом додани навофил баъди фароиз аст: Аввал: Рӯзаи нафлӣ, ки инсонро аз воқеъ шудан дар гуноҳон нигоҳ медорад, тавассути шикастани шаҳват ва заиф сохтани нерӯи нафс. Дуюм: Садақаи нафл (ихтиёрӣ) гуноҳро пас аз анҷомаш хомӯш мекунад, онро аз байн мебарад ва асарашро пок месозад. Севум: Намози таҳаҷҷуд, ки дар сеяки охири шаб хонда мешавад. Сипас Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ин оятро хонд: (Паҳлуҳои онҳо аз бистарҳо дур мешаванд) (Парвардигори худро (бо намоз, зикр, тиловат ва дуо) мехонанд) (Аз рӯи тарсу умед ва аз он чи ба онон додаем инфоқ мекунанд, ҳеҷ кас намедонад чи неъматҳое, дар рӯзи қиёмат, ки боиси равшании чашмони онон мешавад ва неъматҳои биҳиштро барояшон ниҳон доштаем), (ҳамчун подоши аъмоле, ки анҷом медоданд). Сипас Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Оё туро аз асли дин ва сутуни он, ки ба он такя дода шудааст ва баландтарин қуллаи он хабар диҳам? Муъоз (разияллоҳу анҳу) гуфт: Оре, эй Паёмбари Аллоҳ. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: Саромади корҳо ислом шаҳодатайн аст ва бо ин ду инсон соҳиби асли дин мешавад. Ва сутуни он намоз аст, пас ислом бидуни намоз вуҷуд надорад. Чунон ки хона бесутун намешавад, пас ҳар ки намоз хонад динаш муҳкам ва манзилаташ боло меравад ва баландтарин мақоми он ҷиҳод ва кӯшиш намудан дар мубориза ва ҷанг бо душманони дин барои пешрафти дин аст. Сипас Паёмбари Аллоҳ (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: Оё намехоҳӣ аз комилсозӣ ва неку анҷом додани он чи гузашт, туро хабар диҳам? Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба забони худ ишора карда, гуфт: Инро нигоҳ дор (яъне, забонатро) ва дар бораи чизе, ки ба ту рабте надорад, ҳарф мазан. Муъоз гуфт: Оё Парвардигори мо моро ба ҳар чизе, ки ба забон меорем, бозхост ва ҳисобу ҷазо мекунад? Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Фақадатка уммука!" — яъне: Модарат туро гум кунад! Аммо мақсад аз ин лаънат ё дуои бад нест, балки ин ибораест дар забони арабӣ барои ҷалби таваҷҷуҳ ва танбеҳ додан ба чизе муҳим. Сипас фармуданд: Оё мардумро ба хотири ҳосили забонҳояшон (яъне гуфторашон) рӯбарӯ ба дӯзах намеандозад? Аз қабили: куфр, туҳмат, дашном, ғайбат, суханчинӣ, буҳтон ва монанди инҳо.فوائد الحديث
Саҳобагон (разияллоҳу анҳум) барои омӯзиши илм эҳтимоми зиёд медоданд, бинобар ин, саволҳои зиёдеро аз Паёмбари Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мепурсиданд.
Фаҳмиши саҳоба (разияллоҳу анҳум) бар пояи донишашон буд, ки аъмоли нек боиси ворид шудан ба биҳишт мегардад.
Саволе, ки аз тарафи Муъоз (разияллоҳу анҳу) сурат гирифт, саволи бузург аст, зеро дар ҳақиқат он сирри ҳаёт ва вуҷуд мебошад. Ҳар мавҷуде дар ин дунё — чӣ аз ҷин бошад ё инсон — охираташ ё ҷаннат аст ё дӯзах. Аз ҳамин сабаб, ин савол дорои аҳамияти бузург аст.
Вориди ҷаннат шудани ӯ бо анҷом додани панҷ рукни Ислом бастагӣ дорад, яъне: гувоҳӣ додан (шаҳодатайн), намоз, закот, рӯза ва ҳаҷ.
Саромади дин, муҳимтарину гаронбаҳотарин воҷибҳо, тавҳиди Худо аст, яъне танҳо Ӯро ибодат кардан ва бе шарик.
Раҳмати Худованд ба бандагонаш дар он аст, ки дарҳои хайрро ба рӯйи онҳо кушодааст, то аз омилҳои аҷр ва бахшиши гуноҳон баҳра баранд.
Фазилати наздик шудан ба Аллоҳ бо ибодатҳои нафлӣ баъд аз адои фарзҳо.
Намоз дар дини Ислом чун сутуни хайма аст, бо барҳам хӯрдани он Ислом низ меравад, ҳамчуноне, ки бо афтодани сутун хайма меафтад.
Ҳифзи забон аз ҳар чизе, ки ба дини инсон зарар мерасонад, воҷиб аст.
Боз доштан ва идора кардани забон, решаи тамоми хайру некиҳо аст.
التصنيفات
Ислом