إعدادات العرض
Барои зане, ки мусалмон аст, ҷоиз нест, ки масофаи як шабро бидуни маҳрам сафар кунад
Барои зане, ки мусалмон аст, ҷоиз нест, ки масофаи як шабро бидуни маҳрам сафар кунад
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Барои зане, ки мусалмон аст, ҷоиз нест, ки масофаи як шабро бидуни маҳрам сафар кунад."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Português Kurdî සිංහල Kiswahili Tiếng Việt অসমীয়া ગુજરાતી Nederlands മലയാളം Română Magyar ქართული Moore ಕನ್ನಡ Svenska Македонски ไทย Українська తెలుగు मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Malagasy پښتو ភាសាខ្មែរ Wolof नेपाली Shqip Српски မြန်မာ தமிழ் Deutschالشرح
Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки барои зане, ки мусалмон аст, ҷоиз нест, ки масофаи як шабро бидуни маҳрам (яке аз мардони маҳоримаш) сафар кунад.فوائد الحديث
Ибни Ҳаҷар гуфтааст: Сафари зан бе маҳрам ҷоиз нест. Ин ҳукм мавриди иттифоқ аст, магар дар сафари ҳаҷ ва умра ва баромадан аз дори ширк. Ва касоне (аз олимон) ҳастанд, ки вуҷуди маҳрамро аз шартҳои ҳаҷ қарор додаанд.
Камоли шариат ва аҳамият додани он бар муҳофизат ва ҳимоят аз занон.
Имон ба Худо ва рӯзи қиёмат талаб мекунад, ки инсон ба шариат ва ҳудудҳои он пойбанд бошад.
Маҳрами зан, шавҳар ё касе, ки бар асари хешовандӣ, ширхорагӣ ё пайванди сабабӣ (издивоҷ) бар ӯ ҳароми доими шуда бошад, аст. (Маҳрам) бояд мусалмон, болиғ, оқил, боэътимод ва боваринок (амин) бошад, зеро мақсад аз маҳрам ҳимоят ва муҳофизати зан, нигоҳдорӣ аз ӯ ва расидагӣ ба эҳтиёҷоташ аст.
Байҳақӣ дар бораи ривоятҳои воридшуда дар мавриди муддати сафаре, ки зан ҷуз бо маҳрам наметавонад сафар кунад, чунин гуфтааст: Хулоса ин аст, ки ҳар он чи сафар номида мешавад, зан аз анҷом додани он бидуни шавҳар ё маҳрам манъ шудааст, хоҳ се рӯз бошад ё ду рӯз ё як рӯз ё як масофаи муайян ё ғайри он бошад. Ба далели ривояти мутлақи Ибни Аббос, ки охирин ривоятҳои пешини Муслим аст: "Ҳеҷ зане бе маҳрам сафар накунад", ки ин ҳама намуди сафарро дар бар мегирад. Ва ин ҳадис (ки муддатро муайян кардааст) мувофиқи ҳолат ва маҳалли зиндагии суолкунанда будааст.
