إعدادات العرض
Албатта амалҳо вобаста ба ниятҳо ҳастанд ва барои ҳар шахс он чизе аст, ки ба қасди расидан ба он ният кардааст
Албатта амалҳо вобаста ба ниятҳо ҳастанд ва барои ҳар шахс он чизе аст, ки ба қасди расидан ба он ният кардааст
Аз Умар ибни Хаттоб ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Амалҳо вобаста ба ният ҳастанд ва барои ҳар кас ҳамон хоҳад буд, ки барои расидан ба он ният кардааст, пас касе ҳиҷраташ ба сӯи Аллоҳ ва расулаш бошад, ҳиҷрати ӯ ба сӯи Аллоҳ ва расулаш аст, ва касе ҳиҷрати ӯ барои моли дунё бошад, ё занеро ба никоҳи худ дароварад, пас ҳиҷрати ӯ барои чизе аст, ки ба ҳадафи расидан ба он ҳиҷрат кардааст". Дар ривояти Бухорӣ омадааст: "Албатта амалҳо вобаста ба ниятҳо ҳастанд ва барои ҳар шахс он чизе аст, ки ба қасди расидан ба он ният кардааст".
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் မြန်မာ Deutsch 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands ئۇيغۇرچە සිංහල ไทย دری Fulfulde Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy or Română Kinyarwanda Српски O‘zbek Moore नेपाली Oromoo Wolof Soomaali Български Українська Azərbaycan bm ქართული lnالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармудаанд, ки амалҳои бандагон вобаста ба ниятҳои худи онҳо аст, ки ин як ҳукми умумӣ ва фарогири тамоми ибодот ва муомилот аст. Пас ҳар кӣ амалеро барои расидан ба ҳадафи муаян ният кунад, ҳамонро ба даст меорад ва барояш подош нахоҳад буд. Ҳар кӣ амалеро барои расидан ба ризои Худованд анҷом медиҳад, барояш аҷр ва подоши нек хоҳад буд, агарчи як амали кам ва оддӣ бошад, монанди хурдан ва нӯшидан. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) барои тавзеҳи бештари таъсири ният бар амалҳо, ки дар зоҳир барои мо яксон вонамуд мешаванд, мисолҳо оварда баён намуданд, ки ҳар касе аз ватани худ барои дарёфти ризо ва хушнудии Парвардигораш ҳиҷрат кунад, ҳиҷрати шаръӣ ва писандида аст ва барои нияти содиқонаи худ соҳиби аҷр ва савоб мегардад, ва ҳар касе ҳадаф аз ҳиҷраташ дарёфти манфиати дунявӣ, аз ҷумла мол, мансаб, тиҷорат ва ё издивоҷ бошад, аз он ҳиҷрат танҳо ҳамон чизе, ки барои расидан ба он қасд карда буд дармеёбад ва аз аҷру подош баҳрае нахоҳад бурд.فوائد الحديث
Ташвиқ ба ихлос, зеро Худованд танҳо ҳамон амалеро мепазирад, ки барои ризои Ӯ Таъоло бошад.
Агар касе амалҳое, ки барои тақарруб ба Аллоҳ анҷом дода мешавандро аз рӯи одат анҷом диҳад, подош дода намешавад, магар инки қасди наздик шудан ба Худоро дошта бошад.
التصنيفات
Амалҳои дил