Касоне, ки адлро пеша кардаанд бар минбарҳое аз нур дар тарафи дасти рости Худованд қарор доранд ва ҳарду дасти Ӯ Таъоло рост аст

Касоне, ки адлро пеша кардаанд бар минбарҳое аз нур дар тарафи дасти рости Худованд қарор доранд ва ҳарду дасти Ӯ Таъоло рост аст

Аз Абдуллоҳ ибни Амр (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Касоне, ки адлро пеша кардаанд бар минбарҳое аз нур дар тарафи дасти рости Худованд қарор доранд ва ҳарду дасти Ӯ Таъоло рост аст, онҳо касоне ҳастанд, ки дар қазоват, дар мавриди аҳли худ ва дар масъулияти худ адолат меварзанд".

[صحيح] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармоянд, онон, ки бар зердастон ва хонаводаи худ адолатро пеша мекунанд, барои гиромидошт онҳо дар рӯзи қиёмат бар минбарҳои баланд, ки аз нур офарида шудаанд, хоҳанд нишаст. Ин минбарҳо дар самти рости Парвардигор қарор доранд ва ҳарду дасти Ӯ субҳонаҳу ва Таъоло рост аст.

فوائد الحديث

Фазилати адолат ва ташвиқ ба он.

Адолат як амри ҳамашумул аст, ки тамоми ҳолатҳо ва ҳукмҳои байни мардум, ҳатто байни зану фарзандон ва ғайраро дарбар мегирад.

Баёни ҷойгоҳи одилон дар рӯзи қиёмат.

Ҷойгоҳ ва манзилат ҳар яке аҳли имон дар рӯзи қиёмат бар асоси аъмолаш аст.

Равиши ташвиқ кардан яке аз усулҳои даъват аст, ки шахси даъватшавандаро ба тоат ташвиқ мекунад.

التصنيفات

Ахлоқи писандида