Ҳеҷ амали некро кам нашумор, ҳатто агар бо чеҳраи кушода ба дидори бародарат биравӣ

Ҳеҷ амали некро кам нашумор, ҳатто агар бо чеҳраи кушода ба дидори бародарат биравӣ

Аз Абузар (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Ҳеҷ амали некро кам нашумор, ҳатто агар бо чеҳраи кушода ба дидори бародарат биравӣ".

[صحيح] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба анҷоми амалҳои нек ва кам надонистани он, агарчи андак бошад ҳам, ташвиқ ва водор намудаанд, аз ҷумла бо чеҳраи кушода мулоқот кардан бо дигарон. Бинобар ин шахси мусалмон бояд ба он аҳамият диҳад, зеро он боиси тасаллӣ ва шод шудани бародари мусалмон мешавад.

فوائد الحديث

Фазилати муҳаббат миёни муъминон ва бо табассум ва чеҳраи кушода мулоқот кардан бо онон.

Камол ва ҳамашумул будани ин шариат ва инки ҳарчи ба нафъ ва ягонагии мусалмонон аст, ба армуғон овардааст.

Ташвиқ ба анҷоми амалҳои нек, агарчи андак бошад.

Хушҳолӣ андохтан бар қалби мусалмонон амали нек аст, зеро он боиси ба вуҷуд омадани улфат ва муҳаббат миёни онҳо мегардад.

التصنيفات

Ахлоқи писандида