Муъмини қавӣ дар назди Аллоҳ аз муъмини заиф беҳтар ва маҳбубтар аст ва дар ҳар яке хайре ҳаст

Муъмини қавӣ дар назди Аллоҳ аз муъмини заиф беҳтар ва маҳбубтар аст ва дар ҳар яке хайре ҳаст

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Муъмини қавӣ дар назди Аллоҳ аз муъмини заиф беҳтар ва маҳбубтар аст ва дар ҳар яке хайре ҳаст. Барои он чи ба ту фоида орад, саъй кун ва аз Аллоҳ ёрӣ бихоҳ ва нотавон мабош. Агар мусибате ба ту расад, магӯ: "Агар чунин мекардам, чунон мешуд", балки бигӯ: Аллоҳ муқаддар сохт ва ҳарчи бихоҳад мекунад. Зеро "агар" дарҳои кори шайтонро мекушояд."

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён мекунанд, ки муъмин ҳамааш хуб аст. Аммо муъмине, ки дар имон, азму ирода, мол ва дигар ҷанбаҳои тавоноӣ қавӣ аст, дар назди Аллоҳ Таъоло беҳтар ва маҳбубтар аз муъмини нотавон аст. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) муъминро ба баргирифтани сабабҳое, ки дар корҳои дунё ва охират барояш судманд аст, бо ҳамроҳи эътимод ва таваккал ба Аллоҳ Таъоло ва ёрӣ ҷустан аз Ӯ ва таваккал ба Ӯ тавсия карданд. Сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз нотавонӣ, танбалӣ ва сустӣ дар анҷоми он чи ба фоидаи дунё ва охират аст, наҳйи карданд. Ва чун муъмин талоши худро анҷом диҳад ва сабабҳои судмандро иҷро кунад ва аз Аллоҳ Таъоло ёрӣ биҷӯяд ва аз Ӯ хайр бихоҳад, баъд аз он барояш эроде нест, ки корашро ба Аллоҳ бисупорад ва бидонад, ки интихоби Аллоҳ барои ӯ хайр аст. Ва баъд аз ин агар ба мусибате гирифтор шуд, нагӯяд: "Агар чунин мекардам, чунин ва чунон мешуд." "Зеро (агар) роҳро барои шайтон боз мекунад." Яъне, дар эътироз ба тақдир ва ҳасрат хӯрдан барои он чи аз даст рафтааст. Аммо аз рӯи таслим ва хушнудӣ бигӯяд: "Аллоҳ муқаддар намуд ва ҳарчи бихоҳад мекунад." Зеро ончи рӯй додааст, бо муқтазои иродаи Аллоҳ аст ва ҳарчи бихоҳад мекунад ва қазои Ӯро баргаште нест ва ҳукмашро ҳеҷ боздорандае нест.

فوائد الحديث

Тафовути мардум дар имон.

Истифодаи қувват дар анҷом додани амалҳо мустаҳаб аст. Зеро фоидае, ки аз қудрат ба даст меояд, аз нотавонӣ ба даст намеояд.

Инсон бояд ба он чизе, ки ба ӯ нафъ мебахшад, таваҷҷуҳ кунад ва он чиро, ки ба ӯ нафъ намерасонад, тарк кунад.

Муъмин бояд дар ҳама кораш аз Худо ёрӣ бихоҳад, на ин ки ба худ эътимод кунад.

Исботи тақдир ва сарнавишт ва ин ки исботи он бо анҷом додани сабабҳо ва талош кардан дар ҷустуҷӯи амалҳои хайр мухолифат надорад.

Вақти фаро расидани мусибатҳо ва балоҳо аз "агар" гуфтан наҳйи шудааст. Ва мухолифат кардан ба қазо ва қадари Аллоҳ ҳаром аст.

التصنيفات

Масъалаҳои қазо ва қадар, Амалҳои дил