Никоҳ вуҷуд надорад, магар бо ҳузури валӣ

Никоҳ вуҷуд надорад, магар бо ҳузури валӣ

Аз Абумусо (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Никоҳ вуҷуд надорад, магар бо ҳузури валӣ"

[Саҳеҳ] [رواه أبو داود والترمذي وابن ماجه وأحمد]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён карданд, ки никоҳи зан дуруст нест, магар бо валие (падар), ки никоҳро анҷом медиҳад.

فوائد الحديث

Будани валӣ шарти дурустии никоҳ аст. Бинобар ин агар никоҳ бидуни валӣ сурат бигирад, ё зан худашро ба ақди дигаре дароварад, никоҳ дуруст намешавад.

Валӣ, наздиктарин марди хонавода (падар, агар набошад, бародар...) ба зан аст, бинобар ин дар ҳоли будани валии наздик валии дур наметавонад никоҳи ӯро ба уҳда гирад.

Шартҳои валӣ: мукаллаф будан, мард будан, донистани манфиатҳои никоҳ ва дар як дин будани валӣ ва зане, ки вилояти ӯро бар уҳда (падару духтар мусалмон бошанд) дорад, шарт аст. Пас ҳар касе ин сифатҳоро надошта бошад, ҳаққи валӣ шуданро надорад.

التصنيفات

Никоҳ