марде аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид: Кадом (амал дар ) Ислом беҳтар аст? Он ҳазрат фармуданд: "Таом додан ва салом додан бар ҳар касе, ки мешиносӣ ё…

марде аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид: Кадом (амал дар ) Ислом беҳтар аст? Он ҳазрат фармуданд: "Таом додан ва салом додан бар ҳар касе, ки мешиносӣ ё намешиносӣ

Аз Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки марде аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид: Кадом (амал дар ) Ислом беҳтар аст? Он ҳазрат фармуданд: "Таом додан ва салом додан бар ҳар касе, ки мешиносӣ ё намешиносӣ."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз беҳтарин хислатҳои Ислом пурсида шуд, ӯ ду хислатро зикр кард: Якум: Зиёд таом додан ба фақирон. Ва дар ин таом додан, садақа, меҳмонӣ, зиёфати тӯй дохил аст. Таом додан дар замони қаҳтӣ ва гуруснагӣ ва қимматӣ фазилати бештар дорад. Дуюм: Салом додан бар ҳамаи мусалмонон, хоҳ ӯро бишносӣ ё нашиносӣ.

فوائد الحديث

Таваҷҷуҳи саҳоба барои шинохтани хислатҳое, ки барои дунё ва охират судманд аст.

Салом додан ва таом додан аз беҳтарин амалҳо дар Ислом аст. Бинобар фазилати он ва ниёзи ҳамешагии мардум барои он.

Инсон бо ин ду хислат, хайрхоҳӣ дар гуфтору кирдорро ба ҳам мепайвандад ва ин комилтарин хайрхоҳист.

Ин хислатҳо барои муносибат байни мусалмонон бо ҳамдигар аст. Ва хислатҳои дигаре низ вуҷуд дорад, ки барои таомули банда бо Парвардигораш аст.

Оғози салом додан махсус байни мусалмонон аст. Бинобар ин набояд бо кофир нахуст салом дод.

التصنيفات

Фазоил ва одоб, Одоби салом ва иҷозат гирифтан