إعدادات العرض
Ҳар касе аз итоат (и ҳоким) хориҷ шуд ва худро аз ҷамоат (и мусалмонон) ҷудо сохт ва (дар ин ҳолат) вафот кард, марги ӯ марги ҷоҳилӣ аст
Ҳар касе аз итоат (и ҳоким) хориҷ шуд ва худро аз ҷамоат (и мусалмонон) ҷудо сохт ва (дар ин ҳолат) вафот кард, марги ӯ марги ҷоҳилӣ аст
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуд: "Ҳар касе аз итоат (и ҳоким) хориҷ шуд ва худро аз ҷамоат (и мусалмонон) ҷудо сохт ва (дар ин ҳолат) вафот кард, марги ӯ марги ҷоҳилӣ аст. Ва ҳар касе таҳти парчами маҷҳуле ҷанг мекунад ё барои таъассуби гурӯҳе хашмгин мешавад, ё ин ки ба сӯи гурӯҳе даъват мекунад, ё аз гурӯҳе пуштибонӣ мекунад ва дар чунин ҳолат кушта шавад, кушта шуданаш ҷоҳилӣ аст (дар роҳи ҷоҳилият мурда аст). Ва ҳар касе бар умматам қиём кунад ва некукору бадкорро бизанад ва байни муъминон (некукор ва бадкор) истисно қоил нашавад ва ба соҳиби аҳду паймон вафо накунад, ӯ аз ман нест ва ман аз ӯ нестам."
الترجمة
العربية Bosanski English فارسی Indonesia Русский Türkçe اردو हिन्दी 中文 বাংলা ئۇيغۇرچە Español Kurdî Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் සිංහල မြန်မာ ไทย 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá Nederlands Hausa دری Кыргызча Lietuvių Kinyarwanda नेपाली or ಕನ್ನಡ Română Soomaali Српски Wolof Українська Tagalog Moore Azərbaycan ქართული Magyar Deutsch Македонски Bambara አማርኛ Malagasy Oromoo ភាសាខ្មែរ मराठी ਪੰਜਾਬੀ Italiano O‘zbek Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намудаанд, ки ҳар ки аз тоати ҳокимон (и одил) саркашӣ кунад ва аз ҷамоати мусалмонон, ки бар байъат бо имоме (ҳокиме) иттифоқ кардаанд, хориҷ шавад ва бар ин ҳолати ҷудоӣ ва адами тоат вафот кунад, ба марги аҳли ҷоҳилият мурдааст, ки аз амире итоат намекарданд ва ба як гурӯҳи ягона намепайвастанд, балки гурӯҳ гурӯҳ буданд ва бо ҳамдигар меҷангиданд. Ва Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки ҳар кас зери парчаме биҷангад, ки дар он ҳаққу ботил фарқ карда нашавад ва фақат барои мутаассибӣ нисбати қавми худ ё қабилаи худ бо онон ҳамроҳ шудааст, на барои ҳимоят аз дин ва ҳақиқат ва дар натиҷа бидуни басират ва илм ва сирф аз рӯйи таассуб биҷангад ва дар ҳамин ҳол бимирад, монанди кушта шудани замони ҷоҳилият ҷон бохтааст. Ва ҳар ки бар уммати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хуруҷ кунад ва неку бади онро ба ҳам занад ва барояш муҳим набошад, ки чи мекунад ва аз ҷазои куштани муъминони ин уммат натарсад ва ба кофироне, ки аҳду паймон доранд, таваҷҷуҳ накунад ва ба аҳди ҳокимон (и одил) аҳамият надиҳад ва онро зери по гузорад, ин аз гуноҳони кабира аст ва ҳар касе чунин кунад, сазовори ваъид ва таҳдиди шадид аст.فوائد الحديث
Итоат кардан аз ҳокимон, ба шарте ки нофармонии Аллоҳ Таъоло набошад, воҷиб аст.
Дар ин ҳадис ҳушдори сахте барои касе аст, ки аз итоати имом ва ҳоким хориҷ шуда ва аз ҷамоати мусалмонон ҷудо шудааст, ки агар бар ин ҳол бимирад бар роҳу равиши аҳли ҷоҳилият мурдааст.
Дар ҳадис аз ҷанг аз рӯйи таассуби қавми ва қабилагӣ наҳйи шудааст.
Вафо кардан бар аҳду паймон воҷиб аст.
Дар тоату пойбандӣ ба ҷамоат некии зиёд ва амнияту оромиш ва шароити хуб нуҳуфта аст.
Аз монанди кардан ба аҳли ҷоҳилият (замони пеш аз Ислом) наҳйи шудааст.
Амр ба мулозимат ва мондан бо ҷамоати мусалмонон.
التصنيفات
Хуруҷ бар имом (ҳоким)