إعدادات العرض
(Қул ҳуваллоҳу аҳад) ва муъаввизатайнро се бор бигӯ, туро аз ҳама чиз кифоят мекунад
(Қул ҳуваллоҳу аҳад) ва муъаввизатайнро се бор бигӯ, туро аз ҳама чиз кифоят мекунад
Аз Абдуллоҳ ибни Хубайб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Дар шаби боронӣ ва бисёр торик дар ҷустуҷӯи Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) берун омадем, то барои мо намоз бигзорад. Пас ӯро ёфтем ва ӯ фармуд: "Бигӯ" ва ман чизе нагуфтам, сипас фармуд: "Бигӯ", вале ман чизе нагуфтам, боз фармуд:"Бигӯ", Гуфтам: Чӣ бигӯям? Фармуд: "Ҳангоми субҳ ва шом (Қул ҳуваллоҳу аҳад) ва муъаввизатайнро се бор бигӯ, туро аз ҳама чиз кифоят мекунад."
[Саҳеҳ] [رواه أبو داود والترمذي والنسائي]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Hausa Kurdî Português සිංහල Svenska ગુજરાતી Yorùbá ئۇيغۇرچە Tiếng Việt Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Čeština Română Nederlands Soomaali తెలుగు മലയാളം Српски Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Lietuvių Wolof ქართული Magyar Moore Українська Shqip Македонски Azərbaycan አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย Deutsch मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek Italiano ភាសាខ្មែរ မြန်မာ Kurmancîالشرح
Саҳобии гиромӣ Абдуллоҳ ибни Хубайб (разияллоҳу анҳу) хабар медиҳад, ки дар шаби боронӣ ва бисёр торик ба ҷустуҷӯи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баромаданд, то ин ки барои онҳо намозро бигзорад, пас ӯро ёфтанд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ фармуд: "Бигӯ", яъне, бихон, ӯ чизе нахонд. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дубора ба ӯ суханашро такрор кард. Пас Абдуллоҳ гуфт: Чӣ бихонам эй Расули Аллоҳ? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Сураи Ихлос (Қул ҳуваллоҳу аҳад) ва муъаввизатайн (Қул аъузу бираббил-лфалақ) ва (Қул аъузу бираббин-нос)-ро се бор саҳар ва бегоҳ бихон, то туро аз ҳар гуна бадӣ ҳифз кунад.فوائد الحديث
Хондани Сураи Ихлос ва муъаввизатайн дар ҳар субҳу шом мустаҳаб аст ва он ду сабаби эминӣ аз ҳар гуна бадӣ аст.
Фазилати хондани сураи Ихлос ва Муъаввизатайн.
التصنيفات
Зикрҳои субҳу шом