Имон дар даруни ҳар яке аз шумо фарсуда мешавад, ҳамонгуна ки либос фарсуда мешавад, пас аз Худованд бихоҳед, ки имонро дар дилҳои шумо таҷдид кунад

Имон дар даруни ҳар яке аз шумо фарсуда мешавад, ҳамонгуна ки либос фарсуда мешавад, пас аз Худованд бихоҳед, ки имонро дар дилҳои шумо таҷдид кунад

Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос (Худованд аз он ду розӣ бод) гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Имон дар даруни ҳар яке аз шумо фарсуда мешавад, ҳамонгуна ки либос фарсуда мешавад, пас аз Худованд бихоҳед, ки имонро дар дилҳои шумо таҷдид кунад".

[صحيح] [رواه الحاكم والطبراني]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) огаҳ кардаанд, ки имон дар дили мусалмон фарсуда ва заъиф мешавад, ҳамонгуна ки либоси нав бар асари истифодаи тулонӣ куҳна ва фарсуда мешавад. Заъиф ва фарсуда шудани имон аз сабаби сустӣ дар адои ибодатҳо ва фурӯ рафтан дар гуноҳон ва шаҳватҳо ба миён меояд. Бинобар ин Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба мо дастур ва иршод додаанд то бо адои фароиз ва бештар зикру истиғфор кардан аз Худованд бихоҳем имони моро таҷдид бифармояд.

فوائد الحديث

Талаб кардан аз Худованд барои пойдорӣ дар имон ва таҷдиди он дар қалбҳо, бояд ташвиқ карда шавад.

Имон қавл, амал ва эътиқод аст, ки бо тоъат кардан зиёд ва бо гуноҳ кардан кам мешавад.

التصنيفات

Зиёд шудан ва кам шудани имон