إعدادات العرض
Ба назди ӯ баргард ва бигӯ, ки ту аз аҳли дӯзах нестӣ, балки аз аҳли биҳишт ҳастӣ
Ба назди ӯ баргард ва бигӯ, ки ту аз аҳли дӯзах нестӣ, балки аз аҳли биҳишт ҳастӣ
Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Собит ибни Қайсро ҷустуҷӯ кард, наёфт, марде гуфт: Ман аз ӯ бароят хабар меоварам. Пас назди ӯ рафт, дид, ки дар хонааш сарашро зер андохта нишаста аст. Аз ӯ пурсид: Туро чӣ шудааст? Гуфт: Шар (бадӣ расидааст). Ӯ садояшро бар садои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) боло мебурд, дар натиҷа амалаш аз байн рафтааст ва аз аҳли дӯзах аст. Пас, он мард баргашт ва ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт, ки ӯ чунин ва чунон гуфтааст. Пас бори дуввум бо башорати бузурге ба назди ӯ бозгашт. Зеро (Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ба назди ӯ баргард ва бигӯ, ки ту аз аҳли дӯзах нестӣ, балки аз аҳли биҳишт ҳастӣ."
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá Nederlands اردو Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa తెలుగు Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Fulfulde Кыргызча Lietuvių Kinyarwanda नेपाली മലയാളം Bosanski ಕನ್ನಡ Kurdî Română Shqip Soomaali Српски Wolof Українська Moore Tagalog தமிழ் Azərbaycan فارسی ქართული 中文 Magyar Português Deutsch Македонски Русский Bambara Malagasy Oromoo ភាសាខ្មែរ ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ Türkçe Italiano አማርኛ O‘zbek Français Español Kurmancî 日本語الشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) Собит ибни Қайсро наёфт ва дар борааш пурсид. Марде гуфт: Ман хабарашро ва сабаби ғоиб буданашро барои шумо меорам. Пас ба хонааш рафт ва дид, ки сарашро поин андохта ва ғамгин нишастааст. Аз ӯ пурсид, ки туро чӣ шудааст? Собит ҳам шарре, ки гирифтораш шуда будро ба ӯ гуфт, зеро ӯ садояшро аз садои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) болотар мебурд ва Аллоҳ Таъоло касеро, ки чунин кунад, таҳдид кардааст, ки амалашро ботил мекунад ва ӯ аз аҳли дӯзах аст. Он мард ба сӯи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баргашт ва инро барояш гуфт. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро амр кард, ки ба назди Собит баргардад ва ӯро башорат диҳад, ки аз аҳли дӯзах нест, балки аз аҳли биҳишт аст. Зеро ӯ чунин офарида шудааст, ки овози баланд дорад ва ӯ хатиби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва ансор буд.فوائد الحديث
Баёни фазилати Собит ибни Қайс (разияллоҳу анҳу) ва ин ки ӯ аз аҳли биҳишт аст.
Ғамхории Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нисбат ба саҳобагон ва пурсидан аз аҳволашон.
Тарси саҳобагон (разияллоҳу анҳум) ва бими онон аз ин ки амалҳояшон нобуд шавад.
Дар гуфтор бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳоли зиндагияш бо одоб будан ва поин овардани овозҳо дар ҳоли шунидани суннаташ баъд аз вафоташ, воҷиб аст.
