إعدادات العرض
Ҳар ки барои Аллоҳ масҷиде бино кунад, Аллоҳ барои ӯ дар биҳишт монанди он хоҳад сохт
Ҳар ки барои Аллоҳ масҷиде бино кунад, Аллоҳ барои ӯ дар биҳишт монанди он хоҳад сохт
Аз Маҳмуд ибни Лабид (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Усмон ибни Аффон хост масҷидро бозсозӣ кунад, аммо мардум инро написандиданд ва дӯст доштанд, ки онро ба ҳамон шакле, ки буд боқӣ мегузошт. Пас, эшон фармуданд: Шунидам, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҳар ки барои Аллоҳ масҷиде бино кунад, Аллоҳ барои ӯ дар биҳишт монанди он хоҳад сохт."
[Саҳеҳ] [متفق عليه]
الترجمة
العربية English မြန်မာ Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá Nederlands اردو Indonesia ئۇيغۇرچە বাংলা සිංහල हिन्दी Tiếng Việt Hausa Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча Lietuvių Kinyarwanda नेपाली മലയാളം తెలుగు Bosanski ಕನ್ನಡ Kurdî Română Soomaali Shqip Српски Українська Wolof Moore Tagalog தமிழ் Azərbaycan فارسی ქართული 中文 Magyar Português Deutsch Русский Македонски Bambara አማርኛ Malagasy Oromoo ភាសាខ្មែរ ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ Türkçe Italiano O‘zbek Français Español Kurmancî 日本語الشرح
Усмон ибни Аффон (разияллоҳу анҳу) хост, ки масҷиди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро беҳтар аз сохти аввалаш бозсозӣ кунад, аммо мардум ин корро написандиданд. Ба сабаби он ки сохти масҷид аз шеваи сохтанаш дар замони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тағйир меёфт, масҷид бо хишт сохта шуда буд ва боми он аз барги хурмо буд, аммо Усмон мехост, ки онро бо сангу хишт бисозад. Усмон (разияллоҳу анҳу) дар хитоб ба мардум фармуд, ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шунидааст, ки мефармояд: Ҳар ки масҷидеро барои талаби розигии Аллоҳ Таъоло, бидуни риё ва худнамоӣ бисозад, Аллоҳ ба ӯ подоши беҳтар аз ҷинси амалаш ато мекунад. Ва он подош он аст, ки Аллоҳ барои ӯ монанди онро дар биҳишт хоҳад сохт.فوائد الحديث
Ташвиқ ва тарғиб ба бино кардани масҷидҳо ва фазилати он.
Тавсеъа ва навсозӣ кардани масҷид дар фазилати сохтани масҷид ворид аст.
Аҳамияти ихлос барои Аллоҳ Таъоло дар ҳама корҳо.
التصنيفات
Аҳкоми масҷидҳо