Аллоҳ Таъоло рӯзи қиёмат ба нафаре аз дӯзахиён, ки камтарин азобро дорад, мегӯяд: Агар тамоми чизҳои рӯи заминро медоштӣ, оё онҳоро барои наҷот ёфтан аз оташ фидя…

Аллоҳ Таъоло рӯзи қиёмат ба нафаре аз дӯзахиён, ки камтарин азобро дорад, мегӯяд: Агар тамоми чизҳои рӯи заминро медоштӣ, оё онҳоро барои наҷот ёфтан аз оташ фидя медодӣ? Мегӯяд: Бале

Аз Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ривоят аст, ки фармуд: "Аллоҳ Таъоло рӯзи қиёмат ба нафаре аз дӯзахиён, ки камтарин азобро дорад, мегӯяд: Агар тамоми чизҳои рӯи заминро медоштӣ, оё онҳоро барои наҷот ёфтан аз оташ фидя медодӣ? Мегӯяд: Бале. Худованд мегӯяд: Ман аз ту чизе осонтар аз инро мехостам, ҳангоме ки дар сулби Одам будӣ, аз ту хостам, ки ба Ман чизеро шарик қарор надиҳӣ. Вале ту напазируфтӣ ва ба Ман ширк варзидӣ."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар дод, ки Худованд ба касе, ки дар дӯзах сабуктарин азобро мекашад, мегӯяд: Агар тамоми дунё ва он чи дар он аст моли ту мебуд, оё онро медодӣ, то худро аз ин азоб халос кунӣ? Мегӯяд: Бале! Худованд мегӯяд: Ман аз ту чизе осонтар аз инро талаб кардам, вақте ки дар пушти Одам будӣ ва аз ту аҳду паймон гирифта шуд — ин ки ба Ман ҳеҷ чизро шарик қарор надиҳӣ —, аммо ҳангоме, ки туро ба дунё овардам, саркашӣ карди ва ба Ман ширк варзидӣ.

فوائد الحديث

Фазилати тавҳид ва осонии амал кардан ба он.

Хатари ширк варзидан ба Аллоҳ Таъоло ва оқибати он.

Худованд аз фарзандони Одам, ки ҳанӯз дар пушти падарашон Одам буданд, аҳд гирифт, ки ба Ӯ ширк наёваранд.

Ҳушдор додан аз ширк ва ин ки ҳамаи дунё ҳам дар рӯзи қиёмат фоидае ба кофир нахоҳад расонид.

التصنيفات

Тавҳиди улуҳият