Марде таҳорат кард ва ҷоеро дар пояш ба миқдори нохун ношуста монд. Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро дид ва фармуд: "Баргард ва таҳорататро хуб анҷом…

Марде таҳорат кард ва ҷоеро дар пояш ба миқдори нохун ношуста монд. Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро дид ва фармуд: "Баргард ва таҳорататро хуб анҷом деҳ". Он мард баргашт таҳорат карда ва сипас намозашро хонд

Аз Ҷобир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Умар ибни Хаттоб ба ман гуфт, ки: Марде таҳорат кард ва ҷоеро дар пояш ба миқдори нохун ношуста монд. Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро дид ва фармуд: "Баргард ва таҳорататро хуб анҷом деҳ". Он мард баргашт таҳорат карда ва сипас намозашро хонд.

[Саҳеҳ ба шоҳидҳояш] [رواه مسلم]

الشرح

Аз Умар (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мардеро дид, ки таҳораташро ба поён расонидааст, аммо ба андозаи як нохун ҷое аз пояш ношуста мондааст. Ба он ҷои об нарасида ишора карда фармуданд: Баргард ва ба хубӣ таҳоратро комил бикун ва ба ҳар узв обе, ки мувофиқи он аст бирасон. Пас он мард баргашт ва таҳораташро комил кард ва сипас намоз хонд.

فوائد الحديث

Пешдастӣ дар амри маъруф ва роҳнамоии ҷоҳил ва ғофил, бахусус агар он мункар боиси фосид шудани ибодати ӯ шавад.

Ҳамаи узвҳои таҳоратро комил шустан воҷиб аст. Агар ба қисмате аз узв об нарасад - ҳатто агар андаке ҳам бошад - таҳораташ дуруст намешавад. Ва агар муддати зиёде аз таҳораташ гузашта бошад, онро бояд аз нав анҷом диҳад.

Машруъияти дурусти таҳорат, бо анҷом додани он ва анҷоми ҳамаҷонибаи он бо тартиби муқарраркардаи шариат.

Пойҳо аз узвҳои таҳоратанд ва масҳ кашидани онҳо кофӣ нест, балки бояд шуста шавад.

Узвҳои таҳоратро пай дар пай идома додан лозим аст, ки ҳар як узв пеш аз он ки узви қаблӣ хушк шавад, шуста шавад.

Нодонӣ ва фаромӯшӣ боиси соқит шудани воҷиб намешавад, балки гуноҳро соқит мекунад. Дар ин маврид Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) воҷибро - ки таҳорат аст - аз он мард ба сабаби нодонӣ ва комил набудани таҳораташ соқит накард, балки ба ӯ амр кард, ки таҳоратро аз нав анҷом диҳад.

التصنيفات

Аркони таҳорат