Ба андозае, ки ҳайзат тӯл мекашад, мунтазир бимон, сипас ғусл бикун

Ба андозае, ки ҳайзат тӯл мекашад, мунтазир бимон, сипас ғусл бикун

Аз модари муъминон Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки гуфт: Умми Ҳабиба бинти Ҷаҳш, ки ҳамсари Абдурраҳмон ибни Авф буд, аз баромадани хун дар назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шикоят кард. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ба андозае, ки ҳайзат тӯл мекашад, мунтазир бимон, сипас ғусл бикун". Ӯ дар вақти ҳар намоз ғусл мекард.

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Яке аз занони саҳоба аз идомаи баромадани хун баъд аз пок шудан аз ҳайз ба Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шикоят кард. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро амр кард, ки ба ҳамон андозае, ки ҳайзи ӯ пеш аз ҳолате, ки барояш пеш омадааст, давом мекард, сабр кунад ва намоз нагузорад, сипас ғусл кунад ва намозро ба ҷой биёварад ва ӯ барои истиҳбоб барои ҳар намоз ғусл мекард.

فوائد الحديث

Истиҳоза он аст, ки зан баъд аз поёни рӯзҳои ҳайз, хунрезиаш идома дошта бошад.

Зане, ки дучори истиҳоза аст, худашро ба андозаи рӯзҳое, ки қаблан ҳайз мешуд - яъне, пеш аз истиҳоза шудан - дар одати моҳонааш, ҳайз ҳисоб кунад.

Агар рӯзҳои одати моҳонаи аслиаш гузашт, агарчи хуни истиҳоза ҳамчунон берун меояд, худашро аз ҳайз пок дониста ва ғусли баъд аз ҳайзро анҷом медиҳад.

Ғусл барои зани истиҳозадор барои ҳар намоз воҷиб нест. Ва он бонуи саҳобӣ (разияллоҳу анҳо), ки барои ҳар намоз ғусл мекард аз рӯи иҷтиҳоди худаш буд. Зеро агар ғусл воҷиб мебуд, бешак Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) онро ба ӯ баён мекард.

Зани истиҳозадор бояд барои ҳар намоз таҳорат кунад, зеро зуҳури он доими аст ва қатъ намешавад. Ва ҳамин тавр ҳар касе бетаҳоратиаш доимӣ аст, монанди касе, ки пешобашро дошта наметавонад, ё баромадани бод доимӣ аст.

Инсон дар бораи корҳои динӣ, ки дар он дучори мушкилӣ ва нофаҳмӣ шавад, бояд аз олимон бипурсад. Чунончи, ин зан мушкилиаш, ки хунравӣ баъд аз муддати ҳайз буд, аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид.

التصنيفات

Ҳайз, нифос ва истиҳоза