إعدادات العرض
Бар қабрҳо нанишинед ва ба сӯи онҳо намоз нагузоред
Бар қабрҳо нанишинед ва ба сӯи онҳо намоз нагузоред
Аз Абумарсади Ғанавӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Бар қабрҳо нанишинед ва ба сӯи онҳо намоз нагузоред".
[صحيح] [رواه مسلم]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Bahasa Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili தமிழ் မြန်မာ ไทย 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી አማርኛ Yorùbá Nederlands ئۇيغۇرچە සිංහල دری Magyar Italiano ಕನ್ನಡ Кыргызча Lietuvių Malagasy Română Kinyarwanda नेपाली Српски Soomaali Deutsch Moore Українська Български Wolof Azərbaycan ქართულიالشرح
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз нишастан бар қабрҳо наҳй фармуданд. Ҳамчунин аз намоз хондан ба сӯи қабрҳо наҳй фармуданд, яъне қабр дар тарафи қиблаи намозгоҳ бошад, зеро он яке аз василаҳои ширк аст.فوائد الحديث
Намоз хондан дар қабристон ё миёни қабрҳо ва ё ба сӯи қабрҳо наҳй шудааст, магар намози ҷаноза, ки бо суннат собит аст.
Манъи намоз ба сӯи қабрҳо, бинобар ҷилавгирӣ аз расидан ба ширк аст.
Ислом зиёдаравӣ дар мавриди қабрҳо ва беэҳтиромӣ нисбати онро манъ кардааст, пас на ифрот (зиёдаравӣ) шавад ва на тафрит (бепарвоӣ).
Ҳурмати мусалмон ҳамоно пас аз маргаш низ боқист, чунончи Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: (Шикастани устухони мурда монанди шикастани он дар ҳоли зинда буданаш аст).