إعدادات العرض
Онҳо мардуме ҳастанд, ки чун бандаи солеҳе ё марди солеҳе аз миёни онҳо бимирад, бар рӯйи қабри ӯ масҷид месозанд
Онҳо мардуме ҳастанд, ки чун бандаи солеҳе ё марди солеҳе аз миёни онҳо бимирад, бар рӯйи қабри ӯ масҷид месозанд
Аз Оиша модари муъминон (разияллоҳу анҳо) ривоят аст: Умми Салама барои Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ёдовар шуд, ки дар сарзамини Ҳабаша калисое ба номи Морияро дидааст. Ва барои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тасвирҳое, ки дар он дида буд, ёдовар шуд. Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:"Онҳо мардуме ҳастанд, ки чун бандаи солеҳе ё марди солеҳе аз миёни онҳо бимирад, бар рӯйи қабри ӯ масҷид месозанд ва дар он суратҳо мекашанд, Онон бадтарин махлуқот дар назди Аллоҳ ҳастанд."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Kurdî Hausa Português മലയാളം తెలుగు Kiswahili မြန်မာ ไทย 日本語 پښتو Tiếng Việt অসমীয়া Shqip Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá සිංහල தமிழ் دری Кыргызча or Kinyarwanda नेपाली Română Lietuvių Nederlands Soomaali Српски Deutsch Українська ಕನ್ನಡ Wolof Moore ქართული Azərbaycan Magyar Македонски አማርኛ Malagasy Oromoo मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek ភាសាខ្មែរ Kurmancîالشرح
Модари муъминон Умми Салама (разияллоҳу анҳо) барои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ёдовар шуд, ки чун дар сарзамини Ҳабаша буд, калисоеро дид, ки Мория ном дошт ва дар он тасвирҳо ва нақшу нигорҳо ва ҳайкалҳое буд ва инро аз рӯйи шигифтӣ ва таъаҷҷуб бозгӯ кард! Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) сабабҳои гузоштани ин суратҳоро баён карданд. Ва фармуданд: Онҳое, ки дар бораашон гуфтӣ, чунин буданд, ки агар шахси солеҳе дар миёнашон вафот мекард бар қабри ӯ масҷид (ибодатгоҳе) месохтанд ва дар он намоз мехонданд ва он суратҳоро тасвир мекарданд. Ва баён намуданд, ки анҷом диҳандаи чунин кор, бадтарин махлуқ назди Аллоҳ Таъоло аст. Чунки амали ӯ ба ширк ба Аллоҳ Таъоло бурда мерасонад.فوائد الحديث
Бино кардани масҷидҳо бар болои қабрҳо ё намоз хондан дар назди онҳо, ё дафни мурдагон дар масҷидҳо, аз бими воқеъ шудан дар ширк ҳаром аст.
Дар болои қабрҳо масҷидҳо сохтан ва дар он суратҳо гузоштан кори яҳудиён ва насрониён аст ва ҳар ки ин корро кунад, худро ба онҳо монанд сохтааст.
Тасвири мавҷудоти зинда ҳаром аст.
Ҳар ки бар болои қабр масҷиде бино кунад ва дар он суратҳо гузорад, ӯ аз бадтарин махлуқоти Аллоҳ Таъоло аст.
Қонуни шариат роҳи ба сӯи тавҳидро комилан ҳифз кардааст, бо бастани ҳама василаҳое, ки метавонад ба ширк оварда расонад.
Наҳй аз зиёдаравӣ дар ҳаққи солеҳон, зеро он сабаби воқеъ шудан дар ширк аст.
