Беҳтарин сафҳои мардон сафҳои аввал ва бадтаринашон сафҳои охир аст. Ва беҳтарин сафҳои занон, сафҳои охир ва бадтаринашон сафҳои аввалашон аст

Беҳтарин сафҳои мардон сафҳои аввал ва бадтаринашон сафҳои охир аст. Ва беҳтарин сафҳои занон, сафҳои охир ва бадтаринашон сафҳои аввалашон аст

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд. "Беҳтарин сафҳои мардон сафҳои аввал ва бадтаринашон сафҳои охир аст. Ва беҳтарин сафҳои занон, сафҳои охир ва бадтаринашон сафҳои аввалашон аст."

[Саҳеҳ] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки беҳтарин сафҳои мардон дар намоз, сафҳои аввали онҳо мебошанд, зеро онҳо ба имом наздиканд, қироаташро хуб мешунаванд ва аз занон дуртаранд. Бадтарин сафҳои мардон, сафҳои охиранд, ки аз фазилат ва аҷру савоби сафҳои пеш дуртаранд. Чун ки аз мақсади шариат дуртаранд. Беҳтарин сафҳои занон, сафҳои охири онҳо аст, чун барои онҳо пӯшиш ва дурӣ аз мардонро бештар таъмин мекунад ва сабаби дурии фитна мегардад. Бадтарин сафҳои занон, сафҳои авваланд, зеро ба мардон наздиканд ва эҳтимоли фитна зиёд аст.

فوائد الحديث

Тарғиби мардон ба шитоб кардан сӯйи тоатҳо ва ишғол кардани сафҳои аввал дар намозҳо.

Намоз хондани занон дар масҷид ҳамроҳи мардон дар сафҳои ҷудогона, бо шарти пӯшиши ҳиҷоб ва ҳаё ҷоиз аст.

Занон агар дар масҷид ҷамъ шаванд, бояд мисли мардон дар сафҳо биистанд; пароканда нашаванд, балки бояд сафҳоро рост карда холигиҳоро пур кунанд, монанди сафҳои мардон.

Ин баёнгари аҳамияти баланди шариат дар тарғиби ҷудоии занон аз мардон аст, ҳатто дар ҷойҳои ибодат, то ин ки фитна ва халал дар ихлос ва одоби ибодат пешгирӣ гардад.

Бартарияти мардум ба андозаи амалҳои онон аст.

Нававӣ мегӯяд: Сафҳои мардон дар намоз умумият доранд, беҳтарин саф ҳамеша сафҳои аввал аст ва бадтарин саф ҳамеша сафҳои охир. Аммо дар мавриди занон, ҳадис дар бораи он занонест, ки ҳамроҳи мардон намоз мехонанд. Агар онҳо ҷудогона ва бе ҳузури мардон намоз гузоранд, мисли мардон хоҳанд буд: беҳтарин саф, сафҳои аввал ва бадтаринаш сафҳои охир.

Нававӣ мегӯяд: Сафе, ки баъд аз имом қарор дорад, яъне сафе, ки бевосита пушти имом аст, ҳамон сафест, ки дар ҳадисҳо ситоиш шуда ва ба он ташвиқ гардидааст. Ин хусусият новобаста аз он аст, ки намозхон барвақт омада бошад ё дер ва новобаста аз он ки байни он саф ва имом монеа (мисли девор ё чодар) вуҷуд дорад ё не.

التصنيفات

Фазилати намози ҷамоат ва аҳкоми он