Абрешим ва дибоҷро напӯшед ва дар зарфҳои тилло ва нуқра нанӯшед ва дар зарфҳои он ғизо нахӯред. Зеро инҳо дар дунё барои онҳо (яъне кофирон) аст ва дар охират барои…

Абрешим ва дибоҷро напӯшед ва дар зарфҳои тилло ва нуқра нанӯшед ва дар зарфҳои он ғизо нахӯред. Зеро инҳо дар дунё барои онҳо (яъне кофирон) аст ва дар охират барои мо

Аз Абдурраҳмон ибни Абулайло ривоят аст, ки онон назди Ҳузайфа буданд, пас ӯ об хост ва як маҷусӣ барояш об дод, аммо ҳамин ки қадаҳи обро дар дасташ гузошт, ӯ онро партофт ва гуфт: Агар ӯро зиёда аз як ё ду бор (аз истифодаи зарфи нуқра) наҳй накарда будам, ин корро намекардам, аммо ман шунидам, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Абрешим ва дибоҷро напӯшед ва дар зарфҳои тилло ва нуқра нанӯшед ва дар зарфҳои он ғизо нахӯред. Зеро инҳо дар дунё барои онҳо (яъне кофирон) аст ва дар охират барои мо."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мардонро аз пӯшидани ҳар навъ абрешим манъ кардааст. Ва мардону занонро аз хӯрдан ва нӯшидан дар зарфҳои тилло ва нуқра манъ кардааст. Ва хабар доданд, ки инҳо рӯзи қиёмат танҳо барои муъминон аст, зеро дар дунё аз рӯйи итоати Аллоҳ аз истифодаи онҳо худдорӣ карда буданд. Ва аммо кофирон дар охират баҳрае аз он надоранд, зеро онон бо баҳра бурдан аз ин манҳиёт ва бо маъсияти Парвардигор аз он истифода бурданд ва хушиҳои худро зудтар дар дунё ба поён расониданд.

فوائد الحديث

Пӯшидани абрешим ва дибоҷ бар мардон ҳаром аст ва таҳдиди шадиде ворид шудааст барои шахсе, ки мепӯшад.

Барои занон пӯшидани абрешим ва дибоҷ мубоҳ аст.

Хӯрдану нӯшидан дар зарфҳои тилло ва нуқра барои мардону занон ҳаром аст.

Ҳузайфа (разияллоҳу анҳу) ин амалро ба шиддат инкор кард ва иллати ин сахтгириашро чунин баён кард, ки ӯ зиёда аз як бору ду бор он маҷусиро аз истифодаи зарфҳои тилло ва нуқра наҳй карда буд, аммо ӯ ба ин наҳй ӯ таваҷҷуҳе накард.

التصنيفات

Одоби либос