إعدادات العرض
Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) даҳ ракаъат намозро дар ёд дорам
Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) даҳ ракаъат намозро дар ёд дорам
Аз ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) даҳ ракаъат намозро дар ёд дорам: Ду ракаъат пеш аз намози пешин ва ду ракаъат баъди он, ду ракаъат баъд аз намози шом дар хонааш ва ду ракаъат баъд аз намози хуфтан дар хонааш ва ду ракаъат пеш аз намози бомдод ва ин вақте буд, ки касе дар он вақт бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ворид намешуд. Ва Ҳафса (хоҳари ровӣ) ба ман гуфт, ки ҳаргоҳ муаззин азон мегуфт ва фаҷр тулуъ мекард, ду ракаъат мехонд. Ва дар лафзи дигар: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз намози ҷумъа ду ракаъат адо мекард.
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Português Kurdî Kiswahili සිංහල Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá Tiếng Việt پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Kinyarwanda Română తెలుగు Lietuvių മലയാളം Nederlands Soomaali Shqip Српски Українська Deutsch ಕನ್ನಡ Wolof Moore ქართული Azərbaycan Magyar मराठी தமிழ் Македонски မြန်မာ አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek ភាសាខ្មែរ Kurmancîالشرح
Абдуллоҳ ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) баён намудааст, ки аз ҷумла намозҳои нафлие, ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ёд дорад, даҳ ракаъат аст. Ва ин намозҳоро суннатҳои равотиб мегӯянд, ки аз инҳо иборатанд: ду ракаъат пеш аз фарзи намози пешин ва ду ракаъат баъди он, ду ракаъат баъд аз фарзи намози шом дар хонааш, ду ракаъат баъди фарзи намози хуфтан дар хонааш ва пеш аз фарзи намози бомдод ду ракаъат, ки ҳамагӣ даҳ ракаъати комил мешавад. Ва аммо намози ҷумъа, пас аз он ду ракаъат намоз мехонданд.فوائد الحديث
Адо кардани ин суннатҳои ротиба ва ба шакли доимӣ хондани онҳо мустаҳаб аст.
Намози суннатро дар хона хондан машруъ ва ҷоиз аст.
