Оё яке аз шумо наметарсад - ё, оё касе аз шумо наметарсад - , ки агар сари худро пеш аз имом бардорад, Аллоҳ сари ӯро ба сари хар табдил кунад ё рӯяшро ба рӯйи хар табдил…

Оё яке аз шумо наметарсад - ё, оё касе аз шумо наметарсад - , ки агар сари худро пеш аз имом бардорад, Аллоҳ сари ӯро ба сари хар табдил кунад ё рӯяшро ба рӯйи хар табдил кунад

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: "Оё яке аз шумо наметарсад - ё, оё касе аз шумо наметарсад - , ки агар сари худро пеш аз имом бардорад, Аллоҳ сари ӯро ба сари хар табдил кунад ё рӯяшро ба рӯйи хар табдил кунад."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба баёни ваъиди сахт барои касе пардохтааст, ки пеш аз имом сарашро бардорад, ки Аллоҳ сарашро ба сари хар табдил кунад ё рӯяшро рӯйи хар гардонад.

فوائد الحديث

Барои шахсе, ки аз имом пайравӣ мекунад, чаҳор ҳолат аст: се ҳолати он мавриди наҳйи аст, ки онҳо: мусобиқа, мувофиқат, таъхир кардан ҳастанд. Ва ҳолати машруъ ва ҷоиз барои муқтадӣ, пайравӣ кардан аз имом аст.

Пайравӣ кардани маъмум аз имом дар намоз воҷиб аст.

Таҳдиди тағйир додани симои касе, ки сарашро пеш аз имом мебардорад ба симои хар, имконпазир аст ва ин аз ҷумлаи масх аст.

التصنيفات

Аҳкоми имом ва маъмум