إعدادات العرض
Илоҳо, ба ту аз азоби қабр ва азоби дӯзах ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг ва аз фитнаи Даҷҷол паноҳ мебарам
Илоҳо, ба ту аз азоби қабр ва азоби дӯзах ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг ва аз фитнаи Даҷҷол паноҳ мебарам
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дуо мекарданд ва мефармуданд: "Илоҳо, ба ту аз азоби қабр ва азоби дӯзах ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг ва аз фитнаи Даҷҷол паноҳ мебарам." Ва дар лафзи Муслим чунин омадааст: "Вақте яке аз шумо ташаҳҳудро ба охир расонд, аз чаҳор чиз ба Аллоҳ паноҳ бибарад: Аз азоби ҷаҳаннам ва азоби қабр ва аз фитнаи зиндагӣ ва марг ва аз шарри Масиҳи Маҷҷол."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Português Kurdî Kiswahili සිංහල Svenska Čeština ગુજરાતી Yorùbá Tiếng Việt پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Kinyarwanda Română తెలుగు Lietuvių മലയാളം Nederlands Soomaali Српски Українська Deutsch ಕನ್ನಡ Wolof Moore Shqip ქართული Azərbaycan Magyar தமிழ் Македонски မြန်မာ አማርኛ Malagasy Oromoo ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ O‘zbek ភាសាខ្មែរ Kurmancîالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз ташаҳҳуди охир ва пеш аз салом дар намоз аз чаҳор чиз ба Аллоҳ паноҳ мебурд ва моро фармуданд, ки аз онҳо ба Аллоҳ паноҳ бибарем: Якум: Аз азоби қабр. Дувум: Аз азоби дӯзах, ки он дар рӯзи қиёмат аст. Севум: Аз фитнаи зиндагӣ, аз ҳавасҳои ҳароми дунё ва шубҳаҳои гумроҳкунандаи он. Ва аз фитнаи марг, яъне лаҳзаи ҳозир шудани марг ва аз ҷумлаи он мунҳариф шудан аз Ислом ё аз суннат ё аз фитнаи қабр, монанди пурсидани ду фаришта. Чаҳорум: Фитнаи Даҷҷол, ки дар охири замон зуҳур хоҳад кард ва Аллоҳ бандагонашро бо он меозмояд. Ӯро ба далели фитнаи бузург ва гумроҳкунандаи бузург буданаш махсус зикр кард.فوائد الحديث
Ин паноҳҷӯйӣ яке аз муҳимтарин дуъоҳо ва шомилтарин дуъо аст, зеро дар он паноҳҷӯйӣ аз шарри дунё ва охират аст.
Азоби қабр собит ва ҳақ аст.
Хатарнокии фитнаҳо ва аҳамияти дархости ёрӣ ва дуо аз Аллоҳ барои раҳоӣ аз онҳо.
Исботи зуҳури Даҷҷол ва бузургии фитнаи ӯ.
Баъд аз хондани ташаҳҳуди ахир ин дуоро гуфтан мустаҳаб аст.
Баъд аз анҷоми кори хайр дуо кардан мустаҳаб аст.
التصنيفات
Зикрҳои намоз