إعدادات العرض
Ҳаргоҳ яке аз шумо хобе дид, ки он хобро дӯст дорад (яъне хоби хубе дид), бидонад, ки он хоб аз ҷониби Худо аст, бояд Худовандро барои он шукр бигӯяд ва онро ба дигарон…
Ҳаргоҳ яке аз шумо хобе дид, ки он хобро дӯст дорад (яъне хоби хубе дид), бидонад, ки он хоб аз ҷониби Худо аст, бояд Худовандро барои он шукр бигӯяд ва онро ба дигарон нақл намояд. Аммо агар хобе бинад, ки дӯсташ надорад (яъне хоби бад), он хоб аз ҷониби шайтон аст, бояд аз шарри он ба Худованд паноҳ барад ва онро ба касе нақл накунад, зеро он хоб ба ӯ зарар намерасонад
Аз Абусаъиди Худрӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидааст, ки мегӯяд: "Ҳаргоҳ яке аз шумо хобе дид, ки он хобро дӯст дорад (яъне хоби хубе дид), бидонад, ки он хоб аз ҷониби Худо аст, бояд Худовандро барои он шукр бигӯяд ва онро ба дигарон нақл намояд. Аммо агар хобе бинад, ки дӯсташ надорад (яъне хоби бад), он хоб аз ҷониби шайтон аст, бояд аз шарри он ба Худованд паноҳ барад ва онро ба касе нақл накунад, зеро он хоб ба ӯ зарар намерасонад."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Türkçe اردو 中文 हिन्दी Tagalog ئۇيغۇرچە Hausa Kurdî Kiswahili Português සිංහල Русский Nederlands Tiếng Việt ગુજરાતી অসমীয়া پښتو नेपाली മലയാളം Yorùbá ქართული Magyar తెలుగు Svenska Македонски ಕನ್ನಡ Moore Română Oromoo Українська ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Wolof ភាសាខ្មែរ Malagasy Српски Lietuvių Kinyarwanda Shqip தமிழ் မြန်မာ Deutschالشرح
Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар доданд, ки хобҳои хубу хушҳолкунанда аз ҷониби Худо ҳастанд, пас бояд Худовандро барои он шукр кард ва онҳоро нақл намуд. Агар шахс хоби нохуше бинад, ки ӯро нороҳат мекунад, он аз шайтон аст ва бояд аз шарри он ба Худо паноҳ барад ва онро ба касе нагӯяд, зеро он ба ӯ зиёне намерасонад, чун Худованд инро сабаби наҷот аз бадие, ки аз он хоб ҳосил мешавад, қарор додааст.فوائد الحديث
Навъҳои хоб: 1- Хоби нек, ки ҳақ ва хушхабар аз ҷониби Худованд аст, ки худи шахс мебинад ё каси дигаре барои ӯ мебинад. 2- Ҳикояти нафс, яъне он чизҳое, ки одам дар вақти бедорӣ ба худ мегӯяд ва нақл мекунад. 3- Тарсонидан ва ваҳшати шайтон бо ҳиллаҳо барои ғамгин сохтани фарзанди Одам.
Ҳамаи чизҳое, ки дар боби хобҳои нек гуфта шудааст, се чизро дар бар мегирад: Худоро барои он шукр гӯяд; ба он хурсанд шавад; он хобро ба касоне, ки дӯсташ доранд, нақл кунад, на барои касоне, ки дӯсташ намедоранд.
Ҳамаи чизҳое, ки дар боби одоби хобҳои бад гуфта шудааст, панҷ чизро дар бар мегирад: Аз шарри он ва шарри шайтон ба Аллоҳ паноҳ барад. Се бор ба тарафи чап дар вақти хестан аз хоб туф (бо андак аз оби даҳон) кунад. Ҳеҷ гоҳ онро ба касе нақл накунад. Агар мехоҳад дубора хоб равад, аз тарафе, ки бар он буд ба дигар тараф гардад. Ин хоб ба ӯ зарар намерасонад.
Ибни Ҳаҷар мегӯяд: Ҳикмати он ин аст, ки агар кас хоби хушро ба касе нақл кунад, ки ӯро дӯст намедорад, метавонад барои ӯ аз рӯйи буғзу ҳасад маъноеро фаҳмонад, ки ӯ дӯст надорад ва ин метавонад ба он хусусият мувофиқ шавад ё боиси ғам ва нохушӣ дар ӯ шавад, бинобар ин фармон дода шудааст, ки хоби хушро ба касе, ки дӯст намедорад, нақл накунад.
Пас аз ба даст омадани неъмат ва такрори он ҳамду сипоси Худоро кардан сабаби давом ёфтани он мебошад.
التصنيفات
Одоби хоб дидан