Аллоҳ Таъоло бо ҳар амале, ки дошта бошад, ӯро вориди биҳишт мекунад

Аллоҳ Таъоло бо ҳар амале, ки дошта бошад, ӯро вориди биҳишт мекунад

Аз Убода (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар кас гувоҳӣ диҳад, ки нест Худои барҳаққе магар Аллоҳи ягонаи бешарик ва ин ки Муҳаммад бандаи Ӯ ва фиристодаи Ӯст. Ва Исо банда ва фиристода ва калимаи Ӯст, ки ӯро ба Марям илқо намуд ва рӯҳе аз ҷониби Ӯ аст (ва низ махлуқ аст). Ва биҳишт ҳақ аст ва дӯзах ҳақ аст, Аллоҳ Таъоло бо ҳар амале, ки дошта бошад, ӯро вориди биҳишт мекунад."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) моро хабар медиҳад, ки ҳар кас калимаи тавҳидро бо донистани маънояш ва амал кардан бо муқтазояш ба забон оварад. Ва ба бандагии Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва паёмбарияш гувоҳӣ диҳад ва ба бандагии Исо (алайҳис-салом) ва паёмбарияш эътироф кунад. Ва ин ки Аллоҳ ӯро бо сухани Худ "كن" "Пайдо шав" офарид ва ин ки ӯ рӯҳе аз арвоҳ аст, ки Аллоҳ офаридааст. Ва модарашро аз он чизе, ки яҳудиён ба ӯ нисбат дода буданд, пок донист. Ва ба ин ки биҳишт ҳақ аст ва дӯзах ҳақ аст ва ба вуҷуди он ду муътақид шуд ва бовар кард, ки он ду неъмат ва азоби илоҳӣ ҳастанд. Ва бар ин эътиқод ва бовар аз дунё рафт, пас фарҷомаш ба сӯи биҳишт аст, агарчи дар тоати худ кӯтоҳӣ карда ва гуноҳоне дошта бошад.

فوائد الحديث

Аллоҳ Таъоло Исо ибни Марямро бо калимаи "كن" (пайдо шав) офарид, бидуни ин ки падаре дошта бошад.

Ҷамъ байни ин ки Исо ва Муҳаммад бандагони Аллоҳ ва паёмбарони Ӯ ҳастанд. Бинобарин он ду паёмбар ҳастанд ва дурӯғ намегӯянд ва банда ҳастанд, ки парастида намешаванд.

Фазилати тавҳид ва пок шудани гуноҳон ба воситаи он ва ин ки сарнавишти муваҳҳид биҳишт аст, агарчи муртакиби баъзе гуноҳон шуда бошад.

التصنيفات

Имон ба Аллоҳи бузург, Имон ба рӯзи қиёмат, Сифатҳои биҳишт ва дӯзах