إعدادات العرض
Бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба: Гувоҳӣ додан, ки нест маъбуди бар ҳақ, магар Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст ва барпо доштани намоз, закот додан,…
Бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба: Гувоҳӣ додан, ки нест маъбуди бар ҳақ, магар Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст ва барпо доштани намоз, закот додан, шунидану итоат кардан, хайрхоҳӣ ва насиҳат барои ҳар мусалмон, байъат кардам
Аз Ҷарир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба: Гувоҳӣ додан, ки нест маъбуди бар ҳақ, магар Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад расули Аллоҳ аст ва барпо доштани намоз, закот додан, шунидану итоат кардан, хайрхоҳӣ ва насиҳат барои ҳар мусалмон, байъат кардам.
[Саҳеҳ] [متفق عليه]
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Kurdî Kiswahili Português සිංහල Svenska ગુજરાતી Yorùbá Tiếng Việt پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Čeština Română Nederlands Soomaali తెలుగు മലയാളം Lietuvių Српски Kinyarwanda Shqip ಕನ್ನಡ Wolof Українська Moore ქართული Magyar Македонски Azərbaycan Malagasy Oromoo Deutsch ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ አማርኛ O‘zbek Italiano ភាសាខ្មែរ မြန်မာ Kurmancîالشرح
Ҷарир ибни Абдуллоҳ саҳобие аст, ки моро аз байъаташ бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) хабар додааст. Ӯ бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар тавҳид ва барпо доштани намозҳои панҷгонаи фарзшуда дар як шабонарӯз, бо шартҳо, рукнҳо, воҷибҳо ва суннатҳои он ва адои закоти фарзӣ, ки ибодати молии воҷиб аст ва аз сарватмандон гирифта ба мустаҳиқонаш, аз ҷумла фақирон ва дигарон дода мешавад ва бар тоати ҳокимон ва насиҳату хайрхоҳӣ барои ҳар мусалмон, бо талош барои суд расондан ба онон ва хайрхоҳӣ барои онон ва дафъи шар аз онон, ки бо гуфтору амал аст, байъат кардааст.فوائد الحديث
Аҳамияти намоз ва закот, ки ду рукни Исломанд.
Аҳамияти насиҳат ва машварати мутақобила дар миёни мусалмонон, дар он ҳадде аст, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои он бо саҳобагон байъат кардааст.
التصنيفات
Фазилати намоз