إعدادات العرض
Манро ба коре роҳнамоӣ кун, ки агар онро анҷом додам вориди биҳишт шавам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:" Аллоҳро ибодат мекунӣ ва чизеро ба Ӯ шарик…
Манро ба коре роҳнамоӣ кун, ки агар онро анҷом додам вориди биҳишт шавам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:" Аллоҳро ибодат мекунӣ ва чизеро ба Ӯ шарик намесозӣ, намозҳои фарзро анҷом медиҳӣ, закоти фарзшударо мепардозӣ ва моҳи Рамазонро рӯза мегирӣ
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Араби бодиянишине ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва гуфт: Манро ба коре роҳнамоӣ кун, ки агар онро анҷом додам вориди биҳишт шавам. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд:" Аллоҳро ибодат мекунӣ ва чизеро ба Ӯ шарик намесозӣ, намозҳои фарзро анҷом медиҳӣ, закоти фарзшударо мепардозӣ ва моҳи Рамазонро рӯза мегирӣ". Гуфт: Қасам ба он ки ҷонам дар дасти Ӯст, бар ин гуфтаҳо чизе намеафзоям. Ва чун баргашту рафт, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ҳар ки дӯст дорад ба марде аз аҳли биҳишт бингарад, ба ин мард бингарад."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Kurdî Kiswahili Português සිංහල Svenska ગુજરાતી Yorùbá ئۇيغۇرچە Tiếng Việt Hausa پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Čeština Română Nederlands Soomaali తెలుగు മലയാളം Српски Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Lietuvių Shqip Wolof Українська Moore ქართული Magyar Македонски Azərbaycan Malagasy Oromoo Deutsch ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ አማርኛ O‘zbek Italiano ភាសាខ្មែរ தமிழ் မြန်မာ Kurmancîالشرح
Марди саҳронишин (деҳотӣ)-е назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад, ки ӯро ба амале роҳнамоӣ кунад, то бо анҷом додани он вориди биҳишт шавад. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ чунин посух дод, ки ворид шудан ба биҳишт ва наҷот ёфтан аз оташ, вобаста ба адои аркони Ислом аст. Аз ҷумла, ибодатро танҳо барои Аллоҳ Таъоло анҷом додан ва ширк наовардан ба Ӯ (сабаби наҷоти инсон аз оташи дӯзах мегардад). Ва барпо доштани намозҳои панҷгона, ки Аллоҳ Таъоло дар ҳар шабу рӯз бар бандагонаш воҷиб гардонидааст. Ва пардохтани закоти мол, ки Аллоҳ Таъоло бар ту воҷиб гардонидааст ва онро бар мустаҳиққон медиҳӣ. Ва рӯзаи моҳи Рамазонро дар вақти муайяншудааш риоя мекунӣ. Он мард гуфт: Савганд ба зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст, ман ба он фаризаҳое, ки аз ту шунидаам, чизе илова намекунам ва аз он кам ҳам намекунам. Вақте, ки ӯ рафт, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Ҳар ки дӯст дорад ба марде аз аҳли биҳишт бингарад, ба ин бодиянишин нигоҳ кунад.فوائد الحديث
Тавҳиди Аллоҳ аввалин чизе аст, ки дар даъвати мардум ба сӯи Аллоҳ оғоз мешавад.
Барои касоне, ки тоза ба Ислом ворид шудаанд, омӯзондани фарзҳо басанда аст.
Даъват ба сӯи Аллоҳ Таъоло бояд тадриҷӣ (марҳала ба марҳала) бошад.
Таваҷҷуҳи фард барои омӯхтани умури динаш.
Агар инсон ба анҷоми воҷиботаш иктифо кунад, комёб мешавад. Аммо ин ба маънои саҳлангорӣ кардан дар мустаҳаббот ва амалҳои ихтиёрӣ нест, зеро амалҳои мустаҳаб ва ихтиёрӣ камбудиҳои амалҳои фарзиро ҷуброн мекунад.
Зикр кардани баъзе аз ибодатҳо ба шакли хос, далели аҳамияти он ва ташвиқ ба он аст ва ба маънои воҷиб набудани ғайри он аст.
التصنيفات
Одоби устод ва шогирд