Ҳеҷ ранҷ, беморӣ, нигаронӣ, нороҳатӣ, озор ва ғаму андуҳе ба мусалмон намерасад ва ҳатто хоре дар пояш фурӯ намеравад, магар ин ки Аллоҳ Таъоло баъзе аз гуноҳонашро…

Ҳеҷ ранҷ, беморӣ, нигаронӣ, нороҳатӣ, озор ва ғаму андуҳе ба мусалмон намерасад ва ҳатто хоре дар пояш фурӯ намеравад, магар ин ки Аллоҳ Таъоло баъзе аз гуноҳонашро ба сабаби он мебахшад

Аз Абусаъиди Худрӣ ва аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳеҷ ранҷ, беморӣ, нигаронӣ, нороҳатӣ, озор ва ғаму андуҳе ба мусалмон намерасад ва ҳатто хоре дар пояш фурӯ намеравад, магар ин ки Аллоҳ Таъоло баъзе аз гуноҳонашро ба сабаби он мебахшад."

[Саҳеҳ] [متفق عليه]

الشرح

Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд, ки ҳар беморӣ, ташвиш, ғам, ранҷ, бадбахтӣ, сахтӣ, тарс ва гуруснагӣ ба мусалмон гирифтор намешавад - ҳатто агар хоре бар ӯ занад ва ӯро дард диҳад - магар ин ки каффораи гуноҳон ва сабаби покии хатоҳояш мешавад.

فوائد الحديث

Баёни фазли Аллоҳ бар бандагони муъминаш ва раҳмати Ӯ нисбат ба онҳо бо бахшидани гуноҳонашон бо камтарин зараре, ки ба онҳо мерасад.

Мусалмон бояд дар ҳолати дучор шудан ба ҳар мусибате савобашро аз Худо талаб кунад ва дар баробари ҳар кори хурду бузург сабр кунад, то дараҷааш боло гардад ва сабаби бахшидани гуноҳонаш шавад.

التصنيفات

Фазоили тавҳид