إعدادات العرض
Ҳар гоҳ аз мусалмоне дар қабр пурсида шавад, ба ин гувоҳӣ медиҳад, ки ҳеҷ маъбуде ба ҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад паёмбари Аллоҳ аст
Ҳар гоҳ аз мусалмоне дар қабр пурсида шавад, ба ин гувоҳӣ медиҳад, ки ҳеҷ маъбуде ба ҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад паёмбари Аллоҳ аст
Аз Бароъ ибни Озиб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд. "Ҳар гоҳ аз мусалмоне дар қабр пурсида шавад, ба ин гувоҳӣ медиҳад, ки ҳеҷ маъбуде ба ҳақ ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад паёмбари Аллоҳ аст". Ва ин мафҳуми сухани Аллоҳ аст: "Аллоҳ Таъоло касонеро, ки имон овардаанд, дар зиндагии дунё ва дар охират бо сухани устувор [-и тавҳид] собит мегардонад." (Сури Иброҳим, ояти 27).
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Hausa Kurdî Kiswahili Português සිංහල دری অসমীয়া Tiếng Việt Svenska Yorùbá Кыргызча ગુજરાતી नेपाली Română മലയാളം Nederlands తెలుగు پښتو Soomaali Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Српски Moore ქართული Čeština Magyar Українська Македонски Lietuvių Azərbaycan Wolof Malagasy Oromoo ไทย Deutsch मराठी ਪੰਜਾਬੀ አማርኛ ភាសាខ្មែរ Shqip தமிழ் မြန်မာ O‘zbek Kurmancîالشرح
Муъмин дар қабраш мавриди пурсиш қарор мегирад, ду фариштаи муваккал, яъне Мункар ва Накир ӯро мавриди пурсиш қарор медиҳанд. Номи ин ду фаришта дар чандин ҳадис чунин омадааст. Пас ӯ гувоҳӣ медиҳад, ки маъбуде ба ҳақ нест, ҷуз Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад фиристодаи Аллоҳ аст. (Шаҳодатайнро мегӯяд). Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: Ин ҳамон сухани собит ва устувор аст, ки Аллоҳ Таъоло дар бораи он мефармояд: "Аллоҳ Таъоло касонеро, ки имон овардаанд, дар зиндагии дунё ва дар охират бо сухани устувор [-и тавҳид] собит мегардонад." (Сураи Иброҳим, ояти 27).فوائد الحديث
Саволи қабр ҳақ аст.
Фазли Аллоҳ Таъоло бар бандагони муъминаш, ки ононро дар зиндагии дунё ва охират барои гуфтани сухани ҳақ собиту устувор месозад.
Фазилати шаҳодати тавҳид ва марг бар он.
Аллоҳ Таъоло муъминро дар дунё бо устуворӣ дар имон ва рафтан дар роҳи рост ва дар вақти марг бо мурдан бар калимаи тавҳид ва дар қабр ҳангоми пурсиши ду фаришта, устувор месозад.
التصنيفات
Зиндагии барзах