Агар шумо бар Худованд он гуна, ки шоистаи Ӯ Таъоло аст таваккул кунед, Ӯ ба шумо он гуна рӯзӣ медиҳад, ки ба парандагон рӯзӣ медиҳад, субҳ аз лонаи худ бо шиками холӣ…

Агар шумо бар Худованд он гуна, ки шоистаи Ӯ Таъоло аст таваккул кунед, Ӯ ба шумо он гуна рӯзӣ медиҳад, ки ба парандагон рӯзӣ медиҳад, субҳ аз лонаи худ бо шиками холӣ мебароянд ва шомгоҳ бо шиками пур бармегарданд

Аз Умар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки ӯ аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидааст, ки мегуфт: "Агар шумо бар Худованд он гуна, ки шоистаи Ӯ Таъоло аст таваккул кунед, Ӯ ба шумо он гуна рӯзӣ медиҳад, ки ба парандагон рӯзӣ медиҳад, субҳ аз лонаи худ бо шиками холӣ мебароянд ва шомгоҳ бо шиками пур бармегарданд"

[صحيح] [رواه الترمذي وابن ماجه وأحمد]

الشرح

Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) моро ташвиқ мекунад, ки дар талаби нафъ ва дур кардани зарар дар умури дин ва дунёи худ, ба Худованди Мутаъол таваккул кунем, зеро касе ато намедиҳад, боз намедорад, суд ва зиён намебахшад магар Ӯ Таъоло. Мо бояд ба таваккул кардани холисона бар Худо амалҳоеро анҷом диҳем, ки дар он ҷалби манфиат ва дафъи зарар бошад. Чун агар мо ин корро анҷом диҳем Худованд ба мо рӯзӣ медиҳад, он гуна ки парандагон саҳаргоҳ аз лонаҳо бо шиками гурусна берун меоянд ва шомгоҳ бо шиками сер бармегарданд. Ин амали парандагон навъе аз асбоби талош барои талаби ризқ ва рӯзӣ бидуни вобастагӣ ва танбалӣ аст.

فوائد الحديث

Фазилати ба Аллоҳ таваккал кардан ва инки таваккал кардан ба Аллоҳ аз бузургтарин сабабҳои ҷалби ризқ аст.

Таваккул мунофот бо амал кардан ба асбоб надорад, зеро Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки таваккал кардани ростин муқобил бо саъю талош дар талаби ризқ нест.

Аҳамият додани шариат ба амалҳои қалбӣ, зеро таваккал кардан худ аз амалҳои қалбӣ аст.

Такя кардан фақат ба сабабҳо кӯтоҳӣ дар дин ва тарки сабабҳо кӯтоҳӣ дар ақл аст.

التصنيفات

Фазоили амалҳои дил