إعدادات العرض
Ӯро накуш, агар ӯро бикушӣ ӯ дар ҷойгоҳи ту қарор мегирад, ки қабл аз куштани ӯ доштӣ. Ва ту дар ҷойгоҳи ӯ қарор мегирӣ, қабл аз ин ки он ҷумларо гуфтааст
Ӯро накуш, агар ӯро бикушӣ ӯ дар ҷойгоҳи ту қарор мегирад, ки қабл аз куштани ӯ доштӣ. Ва ту дар ҷойгоҳи ӯ қарор мегирӣ, қабл аз ин ки он ҷумларо гуфтааст
Аз Миқдод ибни Амри Киндӣ (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки ӯ ба Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: Чӣ мешавад агар ман бо яке аз кофирон дар ҷанг рӯбарӯ шавам, ӯ бо шамшер яке аз дастонамро бурад, баъд ба таги дарахте аз ман паноҳ барад ва гӯяд: Ман ба Худо таслим шудаам (яъне, мусалмон шудам), оё ман метавонам ӯро пас аз ин калима бикушам? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Ӯро накуш". Гуфт: Эй Расули Аллоҳ! ӯ як дасти манро бурида ва он ҷумларо баъд аз буридани дастам гуфтааст. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт: "Ӯро накуш, агар ӯро бикушӣ ӯ дар ҷойгоҳи ту қарор мегирад, ки қабл аз куштани ӯ доштӣ. Ва ту дар ҷойгоҳи ӯ қарор мегирӣ, қабл аз ин ки он ҷумларо гуфтааст."
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español Indonesia Русский Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी Kurdî Português සිංහල Nederlands অসমীয়া Tiếng Việt Kiswahili ગુજરાતી پښتو Hausa Română മലയാളം नेपाली Deutsch Кыргызча ქართული Moore Magyar తెలుగు Svenska فارسی Македонски ಕನ್ನಡ Українська Kinyarwanda Oromoo ไทย Српски मराठी Wolof ਪੰਜਾਬੀ دری አማርኛ Malagasy ភាសាខ្មែរ Lietuvių தமிழ் Shqip မြန်မာالشرح
Миқдод ибни Асвад (разияллоҳу анҳу) аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсид: Агар ман бо як марди кофир дар ҷанг рӯбарӯ шавам ва мо бо шамшер мубориза кунем, то он кофир бо шамшер яке аз дастонамро бибурад, сипас аз ман гурехта, ба зери дарахте паноҳ бигирад ва бигӯяд, "Ло илаҳа иллаллоҳ", оё барои ман ҷоиз аст, барои он ки дастамро бурида аст ӯро бикушам? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ӯ гуфт: Ӯро накуш. Ӯ гуфт: Эй Расули Худо, ӯ яке аз дастонамро буридааст, оё бо вуҷуди ин ман набояд ӯро бикушам?! Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Ӯро накуш, зеро хуни ӯ (баъд аз зикри калимаи тавҳид) ҳаром шудааст. Агар пас аз исломаш ӯро бикушӣ, хуни ӯ мисли хуни касе аст, ки барои исломаш ҳифз шудааст. Аммо ту дар ҷои ӯ қарор мегирӣ ва хунат мубоҳ мегардад, ки барои куштани як мусалмон мавриди қасос қарор мегирӣ.فوائد الحديث
Касе, ки аз ӯ ҳарфе ё кирдоре барояд, ки нишонаи дохил шуданаш ба Ислом бошад, куштани ӯ ҳаром мегардад.
Агар касе аз кофирон ҳангоми ҷанг мусалмон шавад, хуни ӯ ҳифз мешавад ва бояд аз куштанаш даст кашид, магар ин ки хилофи он маълум шавад.
Хостаҳои мусалмон бояд тибқи шариат бошанд, на бо ғурур, эҳсоси кина ва интиқом.
Ибни Ҳаҷар гуфтааст: Пурсидан дар бораи ҳодисае, ки рух надодааст, ҷоиз аст. Аммо он чи ки аз баъзе аз салаф (саҳобагону пешвоён) дар боби кароҳати он нақл шудааст, барои ҳолатҳое аст, ки рух доданаш нодир аст. Аммо барои чизҳое, ки одатан метавонад рух диҳад, дар мавриди он пурсидан ҷоиз аст.
التصنيفات
Ислом