إعدادات العرض
Оғозгари салом бар яҳудиён ва насрониён набошед; агар дар роҳ бо яке аз онон рӯ ба рӯ шудед, ногузираш кунед, ки ба тангтарин қисми роҳ биравад
Оғозгари салом бар яҳудиён ва насрониён набошед; агар дар роҳ бо яке аз онон рӯ ба рӯ шудед, ногузираш кунед, ки ба тангтарин қисми роҳ биравад
Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Оғозгари салом бар яҳудиён ва насрониён набошед; агар дар роҳ бо яке аз онон рӯ ба рӯ шудед, ногузираш кунед, ки ба тангтарин қисми роҳ биравад."
الترجمة
العربية Bosanski English Español فارسی Indonesia Русский Türkçe اردو 中文 हिन्दी Hausa Kurdî Português සිංහල Nederlands অসমীয়া Tiếng Việt Kiswahili ગુજરાતી پښتو Română മലയാളം Deutsch नेपाली Кыргызча ქართული Moore Magyar తెలుగు Svenska Македонски ಕನ್ನಡ Українська Kinyarwanda Oromoo ไทย Српски मराठी ਪੰਜਾਬੀ Wolof دری አማርኛ বাংলা Malagasy ភាសាខ្មែរ Lietuvių Tagalog தமிழ் Shqip မြန်မာالشرح
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз ин ки оғозгари салом бар яҳуду насрониҳо бошем, манъ кардааст. Ҳатто агар онҳо зимӣ (яъне зери ҳимояи Ислом) бошанд, чи расад ба дигар кофирон. Ӯ барои мо баён карданд, ки агар яке аз онҳоро дар роҳ дидем, бояд онҳоро ба қисмати тангтарини роҳ маҷбур гузаронем. Зеро муъмин дар байни роҳ, роҳ меравад ва кофир бояд канор биравад. Мусалмон, набояд дар ҳеҷ ҳолате залил бошад.فوائد الحديث
Барои мусалмон ҷоиз нест, ки ба яҳудиён, насрониҳо ва дигар кофирон, аввал салом кунад.
Аммо агар онҳо аввал салом кунанд, иҷозат дода шудааст, ки бо ҷумлаи "ва алайкум" посух дода шаванд.
Барои мусалмон ҷоиз нест, ки бо мақсади зарар расонидан ба кофир роҳро барояш танг кунад, яъне бе ҳоҷат ӯро ба рафтан дар роҳи танг маҷбур созад. Аммо агар роҳ танг ё серодам бошад, ҳаққи роҳ ба мусалмон аст ва кофир бояд аз роҳ канорагирӣ кунад.
Нишон додани иззати мусалмонон ва кучак ҳисобидани ғайри онҳо, бидуни зулм ё суханони ноҷо.
Сабаби танг кардани роҳ бар кофирон, куфр ва зиддияташон бар Аллоҳ Таъоло аст. Шояд аз донистани ин сабаб онҳо мусалмон шаванд ва аз оташ наҷот ёбанд.
Мусалмон метавонад ба кофир дар ибтидо бигӯяд: Чи ҳол дорӣ, чӣ гуна субҳ намудӣ? Чӣ гуна рӯзро бегоҳ кардӣ? Ба монанди инҳо, агар зарурат бошад, зеро манъ аз оғоз кардани салом, ба маънои салом гуфтан аст.
Тайибӣ гуфтааст: Беҳтар ин аст, ки барои мубтадиъ оғозгари салом набошед, агар шахсе ба касе, ки намешиносад салом диҳад, сипас фаҳмида шавад, ки ӯ зимӣ ё мубтадиъ аст, бояд барои таҳқири ӯ бигӯяд: Саломамро пас гирифтам.
التصنيفات
Одоби салом ва иҷозат гирифтан