إعدادات العرض
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) назди мо баромад. Гуфтем: Эй Расули Аллоҳ, мо ба шумо салом доданро омухтем. Пас, чӣ гуна бар шумо дуруд фиристем?
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) назди мо баромад. Гуфтем: Эй Расули Аллоҳ, мо ба шумо салом доданро омухтем. Пас, чӣ гуна бар шумо дуруд фиристем?
Аз Абдурраҳмон ибни Абулайло ривоят аст, ки гуфт: Бо Каъб ибни Ъуҷра мулоқот кардам, ба ман гуфт: Оё бароят ҳадяе надиҳам? "Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) назди мо баромад. Гуфтем: Эй Расули Аллоҳ, мо ба шумо салом доданро омухтем. Пас, чӣ гуна бар шумо дуруд фиристем? Фармуд: "Бигӯед: Аллоҳумма салли ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммад камо саллайта ъало Иброҳима, иннака ҳамидун маҷид. Алоҳумма борик ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммад, камо боракта ъало Иброҳима иннака ҳамидун маҷид." (Худоё бар Муҳаммад ва оли Муҳаммад салавот бифрист. Тавре ки бар Иброҳим ва оли Иброҳим салавот фиристодаи. Шумо ситоиш шаванда ва бисёр баланд мартаба ҳастед. Ва Худоё бар Муҳаммад ва оли Муҳаммад баракат бифрист. Ҳамонтавр ки бар Иброҳим ва оли Иброҳим баракат фиристодаи. Шумо ситоиш шаванда ва бисёр баланд мартаба ҳастед.)
الترجمة
العربية বাংলা Bosanski English Español فارسی Français Indonesia Tagalog Türkçe اردو 中文 हिन्दी ئۇيغۇرچە Hausa Português Kurdî සිංහල Русский Svenska ગુજરાતી Yorùbá Tiếng Việt Kiswahili پښتو অসমীয়া دری Кыргызча or नेपाली Čeština Română Nederlands Soomaali తెలుగు മലയാളം Српски Kinyarwanda ಕನ್ನಡ Lietuvių Wolof Українська ქართული Moore Magyar Shqip Македонски Azərbaycan Malagasy Oromoo Deutsch ไทย मराठी ਪੰਜਾਬੀ አማርኛ O‘zbek Italiano ភាសាខ្មែរ မြန်မာ Kurmancîالشرح
Саҳобагон аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) пурсиданд, ки чӣ гуна бар ӯ дуруд фиристанд? Пас аз он ки ба ӯ салом доданро ёд гирифтанд: "Ассалому алайкум эй Паёмбар ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу." Пас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд, ки чӣ гуна бар ӯ дуруд бигӯянд. Ва маънояш ин аст: "Аллоҳумма саллӣ ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммадин." (Илоҳӣ бар Муҳаммад ва оли Муҳаммад салавот бифрист.) Яъне, ӯро бо зикри зебо дар малаи аъло (ҷамъи фариштагон) ситоиш намо ва бар ӯ ва пайравонаш ва хешовандони муъминаш ҳамду сано бигӯ. "Камо саллайта ъало оли Иброҳим" (Чунон ки бар хонадони Иброҳим салавот фиристодаӣ.) Яъне: Ҳамонгуна ки бар хонадони Иброҳим алайҳис-салом, ки онҳо Иброҳим, Исмоил, Исҳоқ ва авлоду пайравони муъминашон ҳастанд, баракат ато кардаӣ. Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро низ шомили фазлу баракати худ бигардон. "Иннака ҳамидун маҷид" (Ту сазовори ситоиш ва бузургворӣ ҳастӣ) Яъне: Сазовори ҳамду сано дар зоти худ ва сифатҳо ва афъолат ҳастӣ. Бузургӣ, қудрат ва саховатмандиат васеъ аст. "Аллоҳумма борик ъало Муҳаммад ва ъало олӣ Муҳаммад камо боракта ъало Иброҳима ва ъало олӣ Иброҳим." Яъне: Аз хайру каромати худ, бузургтаринашро ба ӯ ато кун ва онро афзун ва пойдор бигардон.فوائد الحديث
Салафи солеҳ масъалаҳои илмиро ба ҳамдигар ҳадя медоданд.
Дар ташаҳҳуди охирини намоз, дуруд фиристодан бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) воҷиб аст.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба саҳобагон таълим дод, ки чӣ гуна ба ӯ салом бигӯянд ва дуруд бифристанд.
Ин сиғаи дуруд, мукаммалтарин сиғаи дуруд фиристодан бар Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст.
