Парвардигор бандаи парҳезгор, сарватманд ва ниҳон (касе, ки амалҳояш барои дар пеши чашми мардум нест)-ро дӯст медорад

Парвардигор бандаи парҳезгор, сарватманд ва ниҳон (касе, ки амалҳояш барои дар пеши чашми мардум нест)-ро дӯст медорад

Аз Саъд ибни Абиваққос (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мефармуд: "Парвардигор бандаи парҳезгор, сарватманд ва ниҳон (касе, ки амалҳояш барои дар пеши чашми мардум нест)-ро дӯст медорад"

[صحيح] [رواه مسلم]

الشرح

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар бод) баён фармуданд, ки Худованд баъзе аз бандагонашро дӯст медорад, аз ҷумла: Парҳезгор: яъне ӯ касе аст, ки аз дастуроти Худованд фармон мебарад ва аз навоҳӣ дурӣ меҷӯяд. Сарватмандро дӯст медорад: сарватманд яъне касе, ки худро танҳо ниёзманди Худованд медонад ва ба касе ғайр аз Аллоҳ таваҷҷуҳ намекунад. Шахси ниҳонкорро дӯст медорад: шахси хоксор ва мутавозеъ, ки Парвардигорашро мепарастад ва танҳо ба ончи барояш судманд аст машғул мешавад ва барои ӯ муҳим нест касе ӯро бишносад ё мадҳу ситоиш кунад ва дар мавридаш суханони нек бигӯяд.

فوائد الحديث

Тавзеҳ додани баъзе аз сифатҳое, ки барои ба даст овардани муҳаббати Аллоҳ ба бандагонаш лозим аст, яъне парҳезгорӣ, фурӯтанӣ ва розигӣ ва қаноатмандӣ аз он чи Худо тақсим кардааст.

التصنيفات

Ахлоқи писандида